Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

18 марти соли 2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кори машваратро оғоз бахшида, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сокинони шарафманди вилоят баҳри таҷлили шоистаи ҷашни мазкур аҳлона меҳнат менамоянд.

Дар машварат ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ барои густариши корҳои ободониву созандагӣ, истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, омодасозии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ барои истироҳати сокинон, ҷойҳои истироҳатии соҳили Баҳри Тоҷик ва Сирдарё супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон, барои таъмини рушди соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, ташкили парваришгоҳи гулу ниҳолҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд