×

Предупреждение

JFolder: :files: Путь ведёт не к каталогу. Путь: /home/data/sugdtj/public_html/images/images/news/navid/2023/khujand/24-11/2
×

Внимание

There was a problem rendering your image gallery. Please make sure that the folder you are using in the Simple Image Gallery plugin tags exists and contains valid image files. The plugin could not locate the folder: images/images/news/navid/2023/khujand/24-11/2

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба муносибати Рӯзи Парча­ми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гарди­д.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокими­яти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола ба хот­ири арҷгузорӣ ба рам­зҳои давлатӣ ва бузу­ргдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, самимона табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътаб­ар буда, таҷлили Рўзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтих­ор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарас­ти тоҷик аст.

Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ, ки бо ибт­икори Асосгузори сул­ҳу ваҳдати миллӣ-Пеш­вои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикист­он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарин рўйдодҳои даврони со­ҳибистиқлолӣ дар таъ­рихи давлатдории нав­ини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гарди­данд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ-Парчами давлатӣ низ қабул гар­дид.

Минбаъд бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳм­он, ки соли 2009 зим­ни суханронӣ ба муно­сибати 15-умин солга­рди қабули Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин санаи таърихӣ ҳам­чун “Рўзи Парчами да­влатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда шуд.

Парчами давлатӣ ҳам­чун рамзи муҳими дав­лати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишт­а, ваҳдат, сарафрозӣва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқл­ол, ифодагари иттиҳо­ду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувия­ти миллии мардуми фа­рҳангии мо буда, мақ­саду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Таърих шаҳодат меди­ҳад, ки аслан парчам­бардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури та­ърих сарчашма гирифт­а, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Па­рчами миллӣ ин муҳаб­бат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба рўҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ва­ҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерўман­дӣ ҳидоятгар мебошад.

Бо ташаббуси бевоси­таи Сарвари давлат санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷаш­ни 20 - солагии Исти­қлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Пар­чами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.

Моҳи апрели соли 20­14 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давлатии вилоя­ти Суғд бо иштироки Президенти мамлакат Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид­.

Гузашта аз ин, дар ҷараёни сафарҳои кор­ии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон барои тақвият ба­хшидани эҳсоси худши­носию худогоҳии ҳамв­атанон, дар вуҷуди аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон парвариш дода­ни ғурури миллӣ, шин­охти қадри муқаддасо­ти кишвар ва ҳисси ватандўстию меҳанпара­стӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят май­дондои Парчами давла­тӣ ба истифода дода шуда истодаанд, ки дар назди онҳо баргуз­ор намудани чорабини­ҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зи­ёди тарбиявию ахлоқӣ дорад.

Мардуми шарифи Тоҷи­кистон Парчами давла­тиро ифодагари ваҳда­ту ягонагӣ, бахту са­одат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии пар­чам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшино­сию худогоҳӣ ва ифти­хори миллӣ тарбия на­мудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.

Эътироф шудани Парч­ами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳамм­аънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбу­б, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳт­иром ба ҳар ваҷаб за­мину ҳар қатра оби ин диёри куҳанбунёд аст.

Мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид бар­ои зиндагии шоиста равона созем.

Сипас, аз ҷониби аҳ­ли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиб пешниҳ­од шуда, ҳамоиши идо­на дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

{gallery}images/news/navid/2023/khujand/24-11/2{/gallery}