Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор гардид

29 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сарварони литсейҳои касбӣ-техникӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид ва сипас вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Дар бораи натиҷаи интихоботи вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Донишгоҳ«, №38 ва эътироф намудани ваколати вакилии вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд раиси комиссияи ҳавзаи вилоятии интихобот Муҳаммад Исомаддинзода гузориш дод. Ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Нигора Ғаффорзода эътироф карда шуда, ӯ ҳамчун вакил дар назди вакилони вилоят савганд ёд намуд.

Дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020, таҳти №703 «Дар бораи Барномаи касбомўзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод.

Таъкид гардид, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи касбомӯзии шаҳрвандон таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати соҳибкасб намудани сокинон ва хоса шаҳрвандони аз 18 сола боло роҳандозӣ гардида истодааст. Ҷиҳати татбиқи қарори номбурдаи Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси вилоят аз 8-уми феврали соли 2021, таҳти №52 ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 27 банд ба тасвиб расида, корбарӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шудааст. Дар марҳилаи амалишавии Барнома литсейҳои касбӣ-техникии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ таъмир карда шуда, ҷиҳати касбомӯзии сокинон дар ин муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар ин давра ба муассисаҳои касбомӯзӣ 12 намуд китобҳои дарсии тахассусӣ дастрас карда шуд. Барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон дар назди литсейҳо 15 маркази ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, калонсолон аз як то се моҳ аз рӯи 40 ихтисос омӯзонида шуда, соҳиби касб ва шаҳодатнома мегарданд.

Доир ба масъалаи мазкур Аъзам Ализода, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Мазбут Бойҷонов, вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии “Боғот”, №31 бо музокира баромад намуданд.

Дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ гузориш дод. Қайд гардид, ки дар асоси қарори номбурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси вилоят аз 12-уми майи соли 2021, таҳти №225 ба тасвиб расида, корбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам ҷараён дорад.

Соҳаи маориф, ки самти афзалиятноки мамлакат маҳсуб ёфта, рушду пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар аз ин соҳаи калидӣ вобастагии калон дорад, бе мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии соҳа, таъмини кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ намерасем. Сифатнок амалӣ намудани қарори мазкур ин барои роҳандозӣ шудани бистолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф низ мусоидат менамояд.

Зикр карда шуд, ки бо беҳтар гардидани заминаи моддӣ-техникӣ, муҷаҳҳаз шудани кабинетҳои, фаннӣ иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба озмунҳои фаннӣ аз фанҳои дақиқ низ сол аз сол беҳтару хубтар гардидааст.

Доир ба масъалаи мазкур Дилафрӯз Саидӣ, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Фирдавс Шарифзода, вакили вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ”, №4 ба музокира баромаданд.

Сипас, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Навобод», №12 Олимов Зафар Мирзоевич оид ба иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.​

Ҳамзамон, масъалаҳои​ ворид намудани тағйиру илова ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба буҷет, одоби вакилӣ ва назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқ, номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайра баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дода, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахтаву дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷавонону ноболиғон аз таълимоти ғайриқонуниии динӣ, фарҳанги бегона ва иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд