25 сентябри соли 2023 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сокинони Хуҷандшаҳрро ба ифтихори Рўзи шаҳри Хуҷанд табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин на танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, балки дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази фарҳангиву ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ машҳур мебошад.
Имрўз Хуҷанд барҳақ шаҳрест, ки чун шаҳри бузургони миллат, некўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам шинохта шудааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳан, вале ҳамешаҷавони Хуҷанд ба макони боз ҳам ободтар ва манзили муроди садҳо ҳазор инсонҳои хушбахт табдил ёфтааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд, ки «Шўҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барўманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шўҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».
Имрўзҳо Хуҷанд дар чашми муосирон гул мекунад ва ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, маҷмаҳои хизматрасонӣ ва фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ ва гўшаҳои зебои сайёҳӣ мояи ифтихори на танҳо хуҷандиён, балки тоҷикону тоҷикистониён мебошад.
Маҳз, дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Хуҷанд садҳо адад корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ бунёд карда шуданд, ки аз саҳифаҳои дурахшони китоби таърихи шаҳр дар замони Истиқлол маҳсуб мешаванд.
Имрўз Хуҷанди бостонӣ бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоии он дар солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд.
Хуҷанди бостонӣ шаҳри сулҳу сафо, маркази фарҳангӣ, маскани умедбахшу орзупарвари ҷавонону наврасон, хазинаи пурганҷи илму маърифат, макони сайёҳию ҳунармандӣ ва хонаи умеди кулли сокинону меҳмонони он мебошад. Зеро ҳар як сокини ифтихорманди шаҳр бо дарки баланди масъулияти инсонӣ, эҳсоси ватандўстию худшиносӣ, ифтихори давлатдорӣ баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан, пос доштани номи неки шаҳр саъю талош варзида, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гўшаи он, ободиву созандагӣ ва сабзкории он софдилонаю содиқона хизмат намуда, саҳми шоистаи хешро мегузоранд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла Матлуба Азимова, Муҳиддин Файзуллоев, Диловар Носиров, Ғафурҷон Ҷӯраев ва Низомҷон Маҳмудов унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои намоёни эстрадаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ситораи тобони Федератсияи Русия Согдиана, ҳофизи номдор аз Ҷумҳурии Ўзбекистон Бунёдбек Саидов, хунёгарони дилҳо Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов,Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Дилноза Каримова, Гуласал Пӯлодова, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов, Сироҷиддин Худоймерганов, Сардорбек Солиев ва дигар ситораҳои маъруфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд