25 сентябри соли 2023 дар Қасри Арбоб бо иштироки доираи васеи аҳли зиё, олимону нависандагон, шоирону ходимони давлативу ҷамъиятӣ, меҳмонон аз гӯшаву канори мамлакат ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» баргузор гардид.
Озмун мазкур аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар пайравӣ аз арҷгузориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан – модар ва бо ин роҳ, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дўст доштани модар – Ватан ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ эълон гардида буд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» панҷумин озмуни вилояти Суғд аст, ки якҷо бо рўзномаи «Ҷумҳурият» баргузор ва ҷамъбаст мешавад.
Қаблан, дар ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров озмунҳои вобаста ба бузургдошти Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, озмун бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Панҷакент ва озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» дар доираи рушди адабиёти кўдак дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буданд, ки намунаи шоистаи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо аҳли қалам мебошад.
Таъкид карда шуд, ки дар заминаи озмунҳои мазкур китобҳои «Забон ва ҳувияти миллӣ» ва «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» ба нашр расонида шуданд, ки самараи озмунҳои якҷоя ба ҳисоб рафта, саҳифаҳои тозаеро дар шинохти бузургони миллат ва рукнҳои муҳими давлатдориамон боз менамояд.
-Боиси таъкид аст, ки озмунҳои мазкур бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арҷ гузоштан ба шахсиятҳои хизматнишондода ва сарсупурдаи миллат, дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат роҳандозӣ шуда, дар байни ҷомеа ҳамовозии густарда пайдо намуд, — илова намуд роҳбари вилоят.
Озмуни “Дуои модар” ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, баёнгари он аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ зоҳир намудан ба бузургдошти модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Дар озмуни «Дуои модар», ки аз 5 октябри соли 2022 то 25 августи соли 2023 идома ёфт, намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла аҳли қалам аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон низ ширкат варзиданд ва ин нукта баёнгари он аст, ки модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ў меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Муҳиддин Пайшанбезода оид ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа, ташкили озмунҳо барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ибрози андеша намуда, ғолибони озмунро табрик намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ барои иштироки фаъолона дар озмун, нашри мақолаҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун Давлати Раҳмониён, Матлубаи Ёрмирзо, Файзи Ашур, Шаҳобиддини Ҳақназар, Шодихони Назар, Шаҳриёр Олимӣ, Дилором Солибоева, Лашкар Шарифзода, Ҷовиди Аштӣ, Анисаи Маннон бо Ифтихорномаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҷои сеюмро дар номинатсияҳои назм ва публитсистика Ҳасани Султон, Лайло Чоршанбезода, Бузургмеҳри Баҳодур, Адибаи Ҳабиб, Фирўзи Алишер, Ситора Ашурова ишғол карда, бо Диплому мукофотҳо қадр гардиданд.
Ҷаъфар Муҳаммад аз Ўзбекистон, Гулсара Авазова, Рудобаи Мукаррам барандагони ҷои дуюм дониста шуданд.
Ҷойи якумро Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, нависанда Саидаҳмади Зардон соҳиб гардида, Шоҳҷоизаи озмун насиби Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад шуд.
Ба рўзноманигори “Овози тоҷик” Саодат Бекназарова, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва Абдулқодири Раҳим Ҷоизаи махсуси ташкилкунандагони озмун супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд