22 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Раиси вилоят дар деҳаи Қаздон бо сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48, дар деҳаи Дарғ бо сохтмони сехи қолинбофии соҳибкор Саидмурод Давлатов, майдони Парчами давлатӣ, тӯйхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Шараф Шарипов, таъмиру азнавсозии беморхонаи минтақаваии Дарғ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардида, барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дуртарин деҳаҳои вилоят низ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад. Бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ бешак барои баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Бояд таъкид кард, ки сохтмони бинои МТМУ №48 дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, мактаби нав барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи мутахасисони КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия шудааст. Тибқи харҷнома барои бунёди мактаб 6,4 миллион сомонӣ равона мегардад. Дар ошёнаи якуми муассиса 5 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи таълимии касбу ҳунар, толори маҷлис, китобхона ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои таълимии фанҳои биология, химия, физика, математика, технологияи компютерӣ, забонҳои русиву англисӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандони муассиса ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди муассиса толори варзишӣ низ бунёд гардида, хонандагон ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ноҳияи Айнӣ роҳбари вилоят собиқадори соҳаи маориф Ҷумъабой Шодиев ва собиқадори соҳаи тандурустӣ Авезмаҳмад Одинаевро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд