Ифтитоҳи ду пули мошингузар дар водии Яғноб

22 сентябри соли 2023​ дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ маросими​ ифтитоҳи ду пули мошингузар баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи пулҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони​ ташкилотҳои байналмилаливу шарикони рушд, сокинони Яғноб иштирок намуданд.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи пулҳои мошингузар иброз дошт, ки бунёди роҳу пулҳо дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро бунёди роҳу пулҳо аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Сохтмони ду пули мошингузар дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоб, ки барои иқтисодиёт ва беҳдошти зиндагии мардуми ин минтақа муҳим мебошад, дар доираи ин супориши созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид,-таъкид кард роҳбари вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти мазкур дар чаҳорчуби лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб»​ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳаҷми​ 525 ҳазор сомонӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милалии Муттаҳид, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Агроаксияи Олмон дар ҳаҷми​ 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар натиҷаи сербориш омадани фасли зимистони соли гузашта роҳи водии Яғноб то моҳи май дастрас набуд. Корҳои асосии сохтмонӣ дар мавзеъҳои Даҳана ва Дуобаи водии мазкур моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардид.​ Корҳои васлу насби таҷҳизотҳои оҳану кафшергарӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуд.​

Пас аз ба истифода додани пулҳои мазкур сокинони деҳаҳои болооби водии Яғноб пурра аз он истифода бурда, имконияти дастрасӣ ба роҳи мошингард то деҳаҳоро пайдо мекунанд. Инчунин, пулҳои мазкур имконият медиҳанд, ки сокинон дар фасли зимистон бо маводи озуқа таъмин ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба водии Яғноб зиёд гардад.

Сокинон аз бунёду ба истифодадиҳии пулҳои мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Дар водии Яғноб роҳбари вилоят ҳамзамон маъюби гуруҳи дуюм Холмаҳмад Мирзоевро аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд