Зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи рақами 1-и шаҳрак боздид намуд.
Беморхонаи мазкур дорои панҷ шуъба - амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, бачагона, сироятӣ ва таваллуд буда, дар он 105 кат мавҷуд аст. Дар ин муассисаи тандурустӣ 69 нафар кормандон кору фаъолият дошта, ҳамаи шуъбаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин аст. Ҳамзамон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бунёди бинои шуъбаи бачагона бо 20 кат идома дорад.
Раиси вилоят зимни боздид таъкид дошт, ки новобаста аз макони ҷойгиршавӣ дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят шароити арзандаи ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд