15 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуд.
Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии «Суҷҷа» боздид карда, зимни суҳбат бо пахтакорон қайд намуд, ки вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ки бо заҳмати зиёд рўёнида шудааст, кўшиш ба харҷ диҳанд. Дар баробари сафарбаркунии чинакчиёну ёрдамчиён ба ғунучини пахта ҳавасмандкунии моддию маънавии онҳо низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ноҳия ва хоҷагии деҳқонӣ қарор дода шавад.
Хоҷагии деҳқонии «Суҷҷа» соли 2009 таъсис ёфта, дар он 25 саҳмдор фаъолият мебаранд. Майдони умумии хоҷагӣ 65 га буда, дар он асосан пахтаи навъи «Дӯстӣ» ва зироати полезӣ кишт карда мешавад. Солҳои охир истеҳсоли пахта аз 1 га ба ҳисоби миёна то ба 35 сентнер расонида шудааст. Дар соли ҷорӣ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа” азм намудаанд, ки истеҳсоли пахтаро зиёд намуда, аз ҳар гектар замин то ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ «тиллои сафед» руёнанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар ноҳияи Ашт беш аз 6 ҳазор гектар пахта кишт шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд