Имрӯз, 1 июн дар "Наврӯзгоҳ"- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳои гуногун ташкил карда шуда, ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба идгоҳ ташриф оварда, ба кӯдакону хурдсолон ва ғолибони озмунҳои гуногун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни суханронӣ роҳбари вилоят таъкид кард, ки ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон аз ҷониби аҳли башар таҷлил мегардад. Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.
Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон, бахусус ба кўдакони ятиму бепарастор дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.
Барномаҳои давлатие, ки ба беҳдошти ҳаёти иҷтимоии кўдакон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, варзиш ва сиҳатии омма нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба татбиқ карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 279 муассисаи томактабӣ фаъолият бурда, дар онҳо қариб 500 ҳазор кўдаку наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебарад, ки дар онҳо 1810 нафар кўдаки ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд зери сарпарастии давлат қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ташкили марказҳои инкишофи кўдакон дар пойгоҳи муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ҳамчун омили муҳими фарогирии тифлакон ба таълиму тарбия эътибори зарурӣ медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии вилоят алҳол 701 гуруҳи марказҳои инкишофи кўдакон бо фарогирии 15162 нафар фаъолият доранд.
Баробари ин, ҷалби кўдакони ятиму бепарастор, дорои нуқсонҳои равонию ҷисмонӣ ба мактаб, ба роҳ мондани таҳсилоти фарогир, кор бо хонандагони лаёқатманд доимо дар мадди назар буда, сол то сол вазъи моддию техникии муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо, интернатҳои наздимактабӣ ва пояи кадрию таълимии онҳо рў ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
Дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 11 лагери беруназшаҳрӣ, 671 лагери рўзонаи наздимактабӣ, 31 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 91 лагери фароғати таълимӣ, 79 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 70 ҳазор нафар кўдаку наврас ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, кўдакони ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.
Дар мавсими таътили тобистонаи соли 2022–юм 300 нафар кўдаки ятиму бепарастор ва ғолиби озмуну олимпиадаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маркази солимгардонии кўдакону наврасони ба номи «20 - солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ройгон сафарбар карда шуданд ва имсол зиёда аз 1000 нафар хонандаи аълохон ва ятиму бепарастор ройгон ба истироҳатгоҳҳои вилоят ҷалб карда мешаванд.
Ҷомеа аз насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонанд, ахлоқи намунавӣ дошта бошанд, барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандўсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расанд. Миллат, забон ва Ватани худро дўст доранд ва бо он ифтихор дошта бошанд.
Дар охири чорабинӣ барномаи рангини консертӣ пешниҳод карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд