23 майи соли 2023 дар маркази вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷавонони вилоятро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо сиҳатмандии комил, бахту иқболи нек, муваффақияту дастовардҳои беназир ва шодмониву хушиҳои умрро таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод гувоҳи он аст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Маҳз, иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод дар вилоят низ корҳои муайян ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла, сохтмони иншооти иҷтимоиву варзишӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, ҷудо гардидани грантҳо, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъсиси стипендияи Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо гардидани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар вилоят Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026, Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026 ба тасвиб расида, дар маҷмўъ барои амалигардии ин барномаҳо дар соли 2023-ум 1 миллиону 684 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос диққати махсус зоҳир гардида, дар вилоят алҳол 10 адад муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ - коллеҷҳо фаъолият мебаранд, ки дар маҷмўъ 66 ҳазору 169 нафар толибилмонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Баҳри таъмини оммавияти варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоид низ чораҷӯӣ шуда, дар вилоят 2854 иншооти варзишӣ амал мекунад. Дастрасӣ ба инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида, дар асоси нақшаи алоҳида давоми соли ҷорӣ 130 майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки ҷавонони моро зарур аст, ки бо азхуд намудани дастовардҳои технологии замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшанд. Зеро ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандўсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки алайҳи ҳамагуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд. Ҷавонони саодатмандро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда ҳарчи бештар ба омўхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд.
Сипас, аз ҷониби ситораҳои санъати тоҷик барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид. Мушакпаронии идона ба чорабинӣ шукуҳи дигар бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд