Аёдати собиқадори меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадори меҳнат Хосият Зокироваро аёдат кард.

Бояд гуфт, ки Хосият Зокирова Шаҳрванди фахрии Хуҷанд буда,  баъди хатми донишгоҳ дар мақомоти давлатӣ кору фаъолият намудааст.  Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳнат намудааст ва барои хизматҳояш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Зимни суҳбат бо собиқадори меҳнат таъкид гардид, ки меҳнатҳои фидокоронаи собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ доимо аз тарафи давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Хосият Зокирова бо изҳори хушнудӣ миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои доимӣ изҳор дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд