Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

21 ноябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, масъулини соҳаи кишоварзӣ иштирок доштанд.

Қабл аз оғози машварат Раиси вилоят ба Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод туҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Сипас, ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили  зироатҳо ва меваю сабзавот, бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ пурра таъмин кардани бозорҳои дохилӣ, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта, аз ғўзапоя холӣ кардани пахтазор ва гузарондани шудгори тирамоҳӣ, дар мўҳлати оптималӣ гузаронидани кишти такрорӣ, бахусус ғалладонагиҳо, афзун намудани теъдоди гармхонаҳои муосир ва зиёд намудани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бо усулҳои нисбатан камхарҷ бунёд кардани гармхонаҳо ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини назорати иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи Қоннуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд