Ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ гардид

22 октябр дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони Сарраёсати кишоварзии вилоят, хоҷагиҳои пешқадами пахтакор, фаъолону кормандони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ ноҳияи Ашт сазовори ҷои аввал гардид. Кишоварзони ноҳияи Ашт аз аввали мавсим 14040 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 81,2 фоизи нақша баробар аст. Ҷои дуюмро пахтакорони ноҳияи Зафаробод соҳиб шуданд. Кишоварзони ноҳияи Зафаробод то имрӯз 20894 тонна пахтаро ба хирман супоридаанд, ки ба 68,4 фоизи нақша баробар мебошад.

Дар миёни ҷамоатҳои вилоят Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ ва бо ин мақсад таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва тавассути ин таъсис додани ҷойҳои нави корӣ як зумра корҳои назаррасро ба иҷро расонд.

Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосил-нокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Пахтакорони вилоят азм доранд, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 134 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Гуфта шуд, ки лар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 августи соли 2022, №317 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2022» санаи 1 октябри соли равон бистрӯзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд.

Ба ҳолати 1 октябри соли равон кишоварзон 55 ҳазору 363,3 тонна ё 41,4 фоизи дурнамо  ҷамъ оварда буданд.

Бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат буд. То санаи 21 октябр ба хирман 105 ҳазору 565 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки баробари 78,9 фоизи нақша мебошад.

Барои бунёди ин хирман, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва Мастчоҳ саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна баро-бари 2,2 – 3,0 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони мусобиқа мебошанд.

Ҳамчунин, дар бистрӯзаи дуюм пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи пешбинишударо 100,2 фоиз иҷро карданд.

Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ғолибони мусобиқаи давраи дуюмро бо ин зафари меҳнатӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд