Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен - 28.09.2020 14:22
Ташрифи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 28.09.2020 12:22
Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст - 28.09.2020 12:17
«Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар маркази вилоят конференсияи илмӣ доир шуд - 28.09.2020 12:04
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардиданд - 28.09.2020 12:00
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг - 28.09.2020 09:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи заргарии «Одина»-ро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизатро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:52
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро дар шаҳраки Ховалинг ифтитоҳ намуданд - 28.09.2020 09:50
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки варзиширо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор доданд - 28.09.2020 09:49

АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

( 0 Овоз )

Ашт яке аз ноҳияҳое маҳсуб меёбад, ки бо истеҳсоли зардолуи шаҳдбори худ шӯҳрат пайдо кардааст. Кишоварзони ноҳия дар майдони боғҳои бунёднамудаи худ, машғули меҳнат буда, барои истеҳсоли ин меваи хуштаъм ҷидду ҷаҳд доранд.

Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор боғоти зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба оғози ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Имрӯз беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва баҳри бе талаф ҷамъовари намудани он машғул ҳастанд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки арзанаки калон, шалах ва рухи ҷонона, инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ ба монанди мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ҳосили фаровон доранд ташкил медиҳад.

Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах» «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷавонон» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 140 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудем. Барои рушди содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу - Компания» фаъолият намуда истодааст, алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯйро омода намудааст, - мегӯяд Рафторҷон Муҳаммадиев.

Бояд гуфт, ки соли гузашта боғдорони ноҳия наздики 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки  аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба кишвари Россия содирот намуда буданд.

Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда сараввал бозорҳои дохилии кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷ содирот намоянд.

Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст. Ноҳия дар миқёси кишвар ба яке аз ноҳияҳои содироткунандаи асосии зардолу табдил ёфтааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқкати Суғд»

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД