Хабарҳо
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

1 феврали соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ намуда, ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ошно шуд ва ба мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳия ҳусни оғоз бахшид.

Чуноне ҳамагон огаҳӣ доранд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Алҳол ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ ва ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд ва азнавсозии даҳҳо иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ, аз ҷумла бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар иншооти муҳими ноҳия шинос гардида, бобати вусъати корҳо, таъмини иҷрои нақшаву ниятҳои нек, таъсиси ҷойҳон нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгори мардум масъулинро вазифадор намуд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ин ҷашни саодатбахши мардуми тоҷик ва бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакистон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ босуръат идома дорад. Тибқи маълумоти масъулин бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия беш аз 30 иншооти мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Зимни сафари корӣ Раҷаббой Аҳмадзода баробари шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони сохторҳои вилоятӣ барои тақвияти корҳо, бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои давлатӣ бунёд намудани иншоот, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ