Хабарҳо
Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 25.09.2020 15:04
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд - 25.09.2020 15:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:00
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замин, ҷамъоварии ҳосили картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод - 25.09.2020 14:58
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд - 25.09.2020 14:56
Дар Хуҷанд Маркази тиҷоратии ““Шаҳри афсонавӣ” ба истифода дода шуд - 25.09.2020 14:22
Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ - 25.09.2020 09:53
Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраевро аёдат намуд - 24.09.2020 17:06
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом - 24.09.2020 17:03

ИНТИХОБОТ – МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд кардаанд: ки «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».

Чанде пас интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби интихобкунандагон сурат мегирад. Дар ташкил ва гузаронидани ин маъракаи сиёсии умумиҷумҳуриявӣ нақши Комиссияи вилоятии интихобот дар кадом сатҳ қарор дорад?

Мусоҳиби мо вобаста ба ин мавзуъ раиси Комиссияи вилоятии интихобот дар вилояти Суғд Муҳаммад Исматдинов.

- Муҳтарам Муҳаммад Эргашевич, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 - уми марти соли равон интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар ин бобат Комиссияи вилоятии интихобот чӣ гуна омодагӣ дида истодааст?

- Дар бораи баргузории маъракаи интихоботи навбатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ҳанӯз чоруми декабри соли 2019, таҳти рақами 1380, ба тасвиб расид. Мутобиқи Фармони мазкур санаи якуми марти соли 2020 Рӯзи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо ва санаи 27 - уми марти соли 2020 Рӯзи интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат санаи 10 - уми декабри соли 2019 Иҷлосияи 21 - уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Мутобиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва мутобиқи қарори иҷлосия таҳти №440 Комиссияи вилоятии интихобот дар ҳайати 13 нафар ташкил гардид. Ҳамчунин, Иҷлосия мутобиқи моддаи ҳафтуми қонуни мазкур 70 ҳавзаи интихоботии вилоятӣ ва на беш аз 40 ҳавзаи интихоботии шаҳриву ноҳиявиро муқаррар намуд.

Вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ борҳо ҷаласа доир гардида, масъала ва вазифаҳои дарпешгузошта мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, санаи 11 - уми декабри соли гузашта Маҷлиси нахустини Комиссияи вилоятии интихобот дар бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят баргузор гардид. Маҷлис масъалаҳои интихоби ҳайати роҳбарикунанда, ташкили 70 ҳавзаи ҳудудии интихобот, нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ, тақсимоти вазифаҳо дар байни аъзоён ва вобастакунии онон ба шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ ва муҳокима карда, дар ин бобат қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба рӯзномаҳои маҳаллӣ оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, ном, рақам ва шумораи пешакии интихобот ахборот ба чоп расонид. Дар ҷаласаи минбаъда, ки он санаи 18 - уми декабри соли сипарӣ баргузор шуд, масъалаи музди меҳнати як нафар корманди масъули комиссияҳои ҳавзавии интихобот, сметаи хароҷоти Комиссияи мазкур, ҷадвали навбат- дории аъзоёни комиссия, намунаи шиору овезаҳо, пештоқи комиссияҳо, гӯшаи интихобот ва ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои комиссияҳои интихоботӣ дида баромада шуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаҳое, ки санаҳои 2 - юм, 9 - ум, 10 - ум, 15 - ум, 20 - ум ва 27 - уми январи соли равон доир гардиданд, масъалаҳои марбут ба корҳои ташкилию омодагӣ ба интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 12 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар асоси пешниҳоди Раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 70 Комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳудуди 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Барои омодагӣ ба маъракаи интихобот бо раисон ва котибони комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ, ҳавзавӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони комиссияи ҳавзавии якмандатӣ семинари омӯзишӣ, машваратӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Санаҳои 9 ва 10 январи соли равон, яъне 45 рӯз пеш аз интихобот аз ҷониби комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии интихобот дар ҳавзаҳои вилоятии интихобот 1045 Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум бори нахуст дар алоҳидагӣ ташкил гардид.

50 рӯз пеш аз маъракаи интихобот бошад, яъне 10-уми январи соли равон пешбарии номзадҳо ба вакилӣ оғоз гардида, 35 рӯз пеш аз интихобот – 25-уми январи соли ҷорӣ ба итмом расид. Дар натиҷа 286 нафар шаҳрванд номзадии худро ба вакилӣ пешбарӣ намуданд, ки аз ин 88 нафар тавассути пленум ва конференсияҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва 198 нафар тариқи худпешбарӣ мебошанд. Алҳол 35 рӯз пеш аз маъракаи интихобот, яъне 27 - уми январи соли ҷорӣ бақайдгирии номзадҳои ба вакилӣ пешбаришуда оғоз гардида, 9 - уми феврали ҳамин сол ба итмом расид.

- Кӣ ҳуқуқи номзад ба вакилиро дорад?

- Мутобиқи муқаррароти моддаҳои 2 ва 26 - уми қонун, онҳое, ки ба синни 18 - солагӣ расида, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, забони давлатиро медонанду доғи судӣ надоранд, номзадиашонро ба вакилӣ гузошта метавонанд.

Ба роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ, судяҳо, прокуророн, хизматчиёни ҳарбӣ, гумрук агентии назорати маводи нашъаовар ва ходимони ташкилотҳои динӣ, танҳо баъди ба истеъфо рафтан ва ё ҳангоми бо аризаи худ аз вазифа даст кашидан иҷозат дода мешавад.

- Участкаҳои интихоботӣ кадом вақт ташкил карда мешаванд?

- Участкаҳои интихоботӣ бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ бо шумораи на кам аз бист нафар ва на бештар аз се ҳазор нафар интихобкунанда, на дертар аз рӯзи 25 – уми таъин гардидани маъракаи интихобот ташкил карда мешаванд.

- Доир ба маъракаи интихоботи имсола дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” чӣ тағйирот ворид гардидааст?

- Ба якчанд моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тағйирот ворид гардиданд. Дар моддаҳои 10 ва 12 – уми қонуни мазкур бо пешниҳоди Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо бар ивази пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ комиссияҳои вилоятӣ ва ҳавзавии интихоботӣ ташкил карда мешавад. Мутобиқи моддаи 16 бошад, узвҳои комиссияҳои интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояшон набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунанд, супоришҳои онҳоро иҷро намоянд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихобии номзадҳо ширкат варзанд. Мутобиқи моддаҳои 9 ва 16, комиссияи участкавии интихобот дар алоҳидагӣ ташкил карда шуда, дар як бино, дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой дода мешаванд ва дар рӯзи маъракаи интихобот мустақилона фаъолият мебаранд.

- Дар ҳудуди вилоят чанд нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд?

- Шумораи интихобкунандагон дар вилоят 1555174 нафарро ташкил медиҳад. Алҳол барӯйхатгирӣ ба маъракаи интихобот идома дошта, 15 рӯз пеш аз чорабинии муҳим, яъне 15 - уми феврал ба шиносоии умум гузошта мешавад. Бо мақсади таъмини иштироки фаъолона ва муташаккилонаи интихобкунандагон ба маъракаи интихобот теъдоди муайяни хабарномаҳо нашр гардида, ба чоп расонида шудааст, чопи бюллетенҳои овоздиҳӣ бошад, идома дорад ва се рӯз пеш аз интихобот ба комиссияи участкавии интихобот дастрас мегардад.

Ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад ба вакилӣ оғоз гардида, як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад. Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст.

Овоздиҳӣ санаи якуми марти соли 2020 аз соати 6-и субҳ оғоз гардида, соати 20 - 00 ба итмом мерасад. Дар бюллетени овоздиҳӣ танҳо аломати “ӯ (ҷамъ) гузошта мешавад.

- Муҳтарам Муҳаммад Эргашевич, ба сифати раиси Комиссияи вилоятии интихобот дар вилоят ҷиҳати гузаронидани интихоботи дарпешистода ба интихобкунандагон чӣ гуфтаниҳо доред?

- Қаблан интихобкунандагони азизро ба он даъват мекардам, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ояндасоз фаъолона ширкат варзанд, қарзи шаҳрвандии худро холисона адо карда, ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихобот мусоидат намоянд. Ба номзадҳои арзандаи худ ва ҳизби сиёсӣ, ки ҷонибдораш ҳастанд, раъйи худро диҳанд ва бо ин васила барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд ИНТИХОБОТ – МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ