Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон 16 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн супорида шуд

( 0 Овоз )

5 январи соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн ва ба хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ супорида шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири кишоварзии мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  иштирок доштанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон таъкид кард, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати таъмини хоҷагидорони мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд бо техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолот тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, аз ҳисоби татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба ноҳияи Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн ва ба ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ дастрас гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолот ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар бояд шуд, ки созишномаи молиявӣ оид ба лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба имзо расида, он дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷайҳун амалӣ карда мешавад.

Боиси таъкид аст, ки техника мададгори деҳқонон буда, фаъолияти хоҷагидорон аз мавҷудият ва омодагии техникаҳои кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Алҳол дар ҳудуди вилоят дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 7600 тракторҳои шудгоркунанда омодаи кор буда, дар давраи кишту кори зироатҳо самаранок истифода бурда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон 16 адад трактори тамғаи МТЗ ва 8 комбайн супорида шуд