Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид

( 0 Овоз )

"Худомӯзи саводи расонаӣ" - ин китоби омӯзишӣ аз ҷониби Илҳом Ҷамолиён, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омода ва шакли электронии он дар шабакаи интернет(https://bit.ly/3oTpKhg ) ҷойгир карда шудааст.

Чуноне, муаллиф дар муқаддимаи китоб зикр кардааст, саводи расонаӣ як қатор малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилооту муҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар интернет, тарзи муқовимат бо сайберозорӣ ва хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.

-Худомӯзи саводи расонаӣ аз 10 дарс мураттаб гаштааст, ки матни он тавъам бо инфографикаи тафсирӣ хонандаро бо алифбои расонашиносӣ, тафаккури интиқодӣ, диҷитолшиносӣ, тарғиботшиносӣ ва шинохти шеваҳои дасткорӣ, далелсанҷӣ ва расонаҳои рақамӣ, интернетшиносӣ, шинохти шабакаҳои иҷтимоӣ, шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ ва ғайра ошно месозад. Дар поёни ҳар дарс суолномае доир ба мавзӯи азхудшуда пешкаш мешавад, ки ба он бояд посух гуфт ва дар баробари ин пайванди санҷиши тестӣ низ гузошта шудааст. Посух ба суолҳои санҷишӣ далолат медиҳанд, ки дарси мазкур аз ҷониби хонанда то чӣ ҳад ҳифз шудааст. Дар поёни ҳар дарс ҳамчунин намунаҳои подкаст ва видеои дарс манзур шудаанд, ки китоби электронии мо тамошо ва шунидани онҳоро дар дохили “худомӯз” имконпазир мекунад, - мегӯяд муаллифи китоб Илҳоми Ҷамолиён.

«Худомузи саводи расонаӣ» ҷанбаи умумии омузишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад.

Боиси зикр аст, ки аз тарафи муаллиф ҳамзамон шабакаи омӯзишӣ оид ба рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ бо номи «МедиаДоно» дар заминаи Android фаъол карда шудааст, ки  он унсурҳои бозиро дошта, яке аз нахустин захираҳои омӯзишӣ дар соҳаи саводи иттилоотӣ-расонаӣ ба забони тоҷикӣ аст.  Кӯмак ба наврасону навҷавонон ва инчунин ба волидайни онҳо ҷиҳати расонаомӯзӣ ва баланд бардоштани саводи расонаӣ ҳадафи асосии ин шабака ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд "Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид