Хабарҳо
Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад - 27.01.2021 09:55
Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад - 27.01.2021 09:39
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2021 13:05
Соли 2021 тамоми кишоварзони Тоҷикистон аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд - 26.01.2021 15:04
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд - 26.01.2021 13:31
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» - 26.01.2021 12:51
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Исфара Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳо силсилачорабиниҳо аз қабили мизҳои мудаввару конфронсҳои илмиву адабӣ, дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи макони ҷамъомади умдаи идона - Кохи фарҳанг китобҳои ситоишгари Ватани азизу Сарвари маҳбуб ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар раванди ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода баромад намуда, бо баробари сидқан муборакбод намудани сокинони шаҳр, аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва кафили рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон  - Тоҷикистон ёдовар шуд.

Ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти баланд дошта, хушбахтона, мардум бо гузашти ҳар сол аҳамияти онро дарк намуда, шинохташ аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад.

Зимнан гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд, инчунин, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, ҳама талошу кӯшиши хешро барои фароҳамсохти зиндагии орому осудаи мардуми он равона карданд.

Сипас, аҳли фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби омоданамудаи худро манзури ҳозирин гардониданд, ки саршори шукргузорӣ ба Ватани соҳибистиқлол, зиндагии осудаву ором ва арзи эҳтиром ба сарвари давлатамон  буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара