Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр амалӣ гардида истодааст.
Ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд
Чанде пеш корҳои безарагардонӣ дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.
Корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳҳалаи “Бофанда”-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд