Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид ва дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 17.10.2020 16:05

Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ» дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Имрӯз ба муносибати 25 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Моҳинисо Ҳакимбоева, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул аст, бунёд гардидааст.

Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бинои мазкур мағозаи фурӯши мебелҳои истеҳсоли Туркия ва як қатор кишварҳои Аврупо ҷойгир буда, бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонида шудааст.

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фурӯши пардаҳои дӯхти муосир, ки асосан истеҳсоли кишвар Туркия мебошад, ҷойгир карда шудааст. Ҳамзамон дар қисмати рости бино сехи хурди дӯхти пардаҳо низ фаъол буда, соҳибхоназанҳои маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши дастрас таъмин карда шудаанд. Маҷмуъан наздик 20 нафар сокинони шари Хуҷанд бо баробари истифодабарии он бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Қарор аст, ки дар ошёнаи 3-4–уми бинои мазкур меҳмонхонаи муосир бунёд карда мешавад, ки дар як вақт барои беш аз 50 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар ҳамин ҷо аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 4 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Роҳбари вилоят ин ҳама тадбирҳои ободониро самараи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, таъкид дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ соҳикборони ватанӣ доимо дастгирӣ меёбанд ва дар самти мубодилаи молу коло бо хориҷи кишвар тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» дастур дод, ки бо истифода аз имконот коргоҳи нави истеҳсоли мебелҳои ҳозирамонро бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ бунёд намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ» дар шаҳри Хуҷанд