Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, имкон дорад 200 кудакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактаби акнун 40 нафар, имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин дар саҳни ҳавлии бинои мазкур, шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, арзёбӣ карда, ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кудакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд