Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Адл”

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо фаъолияти ҶДММ “Адл” шинос гардид.

Дар корхонаи “Адл” барои кӯдакон якчанд номгӯи бозичаҳо, аз ҷумла мошинчаҳои бачагона, сечарха(велосипеди кӯдакона), аробачаҳои чорчарха (коляска), роҳпаймо (ходоног) ва навъҳои гуногуни велосипеди дучарха истеҳсол карда мешавад. Дар корхона аз пластмассаи махсуси сифатнок маҳсулоти босифат ва бехатар истеҳсол мегардад, ки серхаридор мебошад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои зиёд намудани номгӯи маҳсулот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар назди роҳбарияти шаҳр вазифагузорӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли 2020 дар шаҳр ба маблағи 555 млн. 796,1 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла ҶСП «Оби Зулол», ҶСП «Мк-Баракат»,  ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ноҳид», «Адл», «Автошина», «Кова», «П.Комилов», «Шаҳло», «Покиза - 2013», «Бунёдкор - Б», «Чашмаи Мурод», «Суғд нурпласт», ҶСК «Файз», «Сифат - 2017», «Аъло-7», «Ҳаёт - Ҳ», «Ҳадид»,  «Мк - Баракат» ва «Ҳаит Ваҳобов» нишондиҳандаҳои истеҳсолиро беҳтар намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Адл”