Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор

( 0 Овоз )

24 октябри соли 2020 дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва бо ин мақсад таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ корҳои назаррасро амалӣ менамояд.

Бахусус, дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Чун анъана бо мақсади дастгирии пахтакорон ҳамасола миёни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор мусобиқаи меҳнатӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, дар оғози моҳи равон бистрӯзаи якуми мусобиқаи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти давраи дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва инчунин пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Вимпели сайёр» ва мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ тақдим намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кўшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғун доштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли ҷориро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии «Элёр»-и ноҳияи Ашт, «Иҷоракор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Озодҷон»-и ноҳияи Зафаробод, «Ҳоҷидеҳқонбой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Гули шодӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Зарбдор»-и шаҳри Конибодом ва «Турдиқул ҳоҷӣ»-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз бошад наздик 100 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба хирман рехта шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор