ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРӢ

Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз таззод, нооромиву нобасомониҳо, поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон бар асари ҷангу ҷидол, авҷ гирифтани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқи оташфишон, амалҳои террористиву экстремистӣ, тащдидҳои истифодаи яроқи хастаӣ ва ҷанги сард мебошад, масъалаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати тамоми одамони рӯи замин амри заруриву наҷотбахш дар курраи Замин мебошад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мувозинат дар ҷаҳон вайрон гардида, амалҳои рӯирости дахолати давлатҳои абарқудрат зери шиорҳои “демократия”, “мубориза бо ифротгароии динӣ” ба сиёсати дохилии давлатҳои мустақил ва ҷараёни ошкорову пинҳонии азнавтақсимкунии ҷаҳон қувват гирифт. Меъёрҳои байналмиллалие, ки барои таъмини сулҳу субот ва осоиштагии инсон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмиллалии бонуфуз қабул гардидаанд, рӯирост поймол гардида, бо баҳонаҳои гуногуни манфиатҷӯёна, ҷангҳои локалӣ ва байнидавлатӣ аз ҷониби баъзе аз гурӯҳҳо ва иттиҳодҳои ҳарбиву сиёсии давлатҳо ташкил карда мешаванд, ки сабаби асосии поймол гардидани ҳуқуқи мардуми осоишта, махсусан занону кӯдакон мегардад.
Вазъи мазкур нишон медиҳад, ки масъалаи сулҳ имрӯз вазифаи як давлати алоҳида набуда, балки тамоми давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Таърихи инсоният собит намудааст, ки ҷанг ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли мушкилот набуд ва намешавад. Он танҳо боиси харобшавии иқтисодиёт, коста гардидани арзишҳои инсонӣ, аз байн рафтани инфрасохтор, зиёд шудани шумораи гурезаҳо, талафоти ҷонию молӣ мегардад. Барқарор намудани оқибатҳои он даҳсолаҳо вақт ва маблағҳои калонро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар бояд ба пешгирии низоъҳо, фарҳанги сулҳофарӣ, таҳаммулпазирӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Таваҷҷуҳи хосса додани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи андешаи миллӣ ва нишон додани нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ ва дар баробари ин, барои шинохти мероси илмию фарҳангии ниёгонамон таҳия кардани асари бунёдии “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён” беҳуда нест. Асари мазкур дар баробари инъикоси фарҳанг ва тамаддуни миллат, масъалаҳои муҳимми замони муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар он Сарвари кишвар аз ҷумла оид ба мафҳуми фарҳанги сулҳ чунин ибрози андеша намудаанд: “Фарҳанги сулҳ талқин менамояд, ки бо интиҳои қарни ХХ ба ҳама гуна ҷангу хунрезиҳо хотима гузорем ва ба асри ХХ1 таҳти парчами сулҳ ворид гардем. Фарҳанги сулҳ ба назари ман шакли оқилона, дурандешона ва судбахши муносибати миёни давлатҳои ин ё он минтақа, робитаи мусолиҳаомези пешвоёни халқ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию мазҳабӣ дар чаҳорчубаи меъёрҳои қонунгузории дохилидавлатӣ ва умумибашарӣ мебошад. Фарҳанги сулҳ – иродаи нек, майлу хоҳиши самимона, кӯшиши ҳалли масоили мавҷуда ва ихтилофу низоъҳои сарзада дар сари мизи музокирот мебошад. Фарҳанги сулҳ – бидуни зӯроварию таҳдид, бидуни истифодаи силоҳ ва ҷангу хунрезӣ бо роҳи осоишта, аз тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоти пешомада аст. Фарҳанги сулҳ – қабл аз ҳама эҳтироми рақиб, бо сабру таҳаммул омӯхтану дар мизони ақлу фаросат баркашидани афкору андешаҳои ӯ, ба хотири пешомади нек ва манфиати ҷомеа гузашт карда тавонистан аз суди ночизи хеш мебошад. Фарҳанги сулҳ – роҳи муросою сулҳу созиш дар асоси қонуну асноди амалкунанда, бо роҳу тадбирҳои расмию ғайрирасмӣ аз миён бурдани ихтилофу даргириҳо буда, аз сиёсатмадорону сарварони давлатҳо маданияти баланд, дасту дили пок ва инсофу адолатро тақозо мекунад”.
Ҳамин андешаҳои дурбинона ва ташаббускориву ҷонбозиҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик бо қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа аз 27 июни соли 1997 дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун мадели нави ба ҳам овардани мардум ва хомӯш кардани оташи ҷанг аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуда, ҳамчун таҷрибаи беҳтарини ба ҳам овардани мардум тавсия карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҳануз дар ибтидои қарни нав механизмҳои мушаххаси татбиқи фарҳанги сулҳро дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод намуда таъкид намуда буданд, ки: “Барои ин бояд механизмҳои умумии татбиқу густариши Фарҳанги сулҳ дар асрсаи байналмилалӣ зимни ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҷод шавад. Аз ҳамин хотир дар асри ҷадид масъулият ва вазифаҳои Созмони Миллали Муттаҳид, ки алҳол ягона механизми дар арсаи байналмилалӣ таъмин намудани сулҳ ва амнияти миёни кишварҳо мебошад, чандин баробар меафзояд. Оинномаи СММ, қабули қатъномаҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии он бояд пойдевори таъмини сулҳ ва амнияти халқҳо чӣ дар минтақаҳои ҷудогона ва чӣ дар саросари олам гардад”.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мактаби фарњанги сулњи тољикон бо њама бурду бохтњояш барои мо як мактаби бузурги њаёт, як сабаќи нотакрори давлату давлатдорї гардид. Аз шарофати сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мо нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳоро пеш гирифта, қисме аз онҳоро ба сомон расонидем ва боз ҳадафҳои бузурги созандагие дар пеш дорем, ки ба асри оянда нигаронида шудааст”. Ин андешањои Сарвари давлат оид ба фарњанги сулњ, бешубња, таќвияти назарияи вањдати миллї буда, дар бораи робитаи ногусастании фарњанги сулњи тољикон бо фарњанги сулњи љањонї гувоњї медињад. Масъалаи фарњанги сулњ дар асарњои минбаъдаи Сарвари давлат боз њам амиќтару фарогиртар мешавад.
Сарвари мамлакат дар сатҳи байналхалқӣ ҳамчун роҳбари ташаббускори халли масъалаҳои глобалӣ дар масоили обу иқлим ва сулҳу субот дар ҷаҳон эътироф гардида, санаи 24 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 79-уми Маҷмааи умумии СММ ташаббуси навбатии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи сулҳу субот дар ҷаҳон ҷалб намуда, оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» таклиф пешниҳод намуданд.
Дар суханронии худ дар ҷаласаи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин муроҷиат намуда, такид намуданд, ки “Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем. Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард. Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд”.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик ва шаҳрвандони кишвар аст, ки ин ташаббус санаи 25 июни соли 2026 дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, қатъномаи махсус доир ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шуд.
Қабули қатнома натанҳо як дастоварди давлат, балки эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сулҳдӯсту сулҳпарварии мардуми тоҷик мебошад.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ҳамеша ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатдорӣ пайваста аз арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки сулҳ бояд ба фарҳанги умумии инсоният табдил ёбад ва таҳкими он танҳо тавассути муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда имконпазир аст.
Маҳз таҷрибаи муваффақи сулҳофарии Тоҷикистон ба кишвари мо имкон дод, ки имрӯз дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор нақши фаъолу ташаббускор дошта бошад.
Моҳияти аслии Қатънома дар он аст, ки сулҳ на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун фарҳанг, масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният, яъне дар маҷмуъ, шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва рушди ҳамаҷонибаи инсон арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи асосии Қатънома ба ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкорӣ, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо равона гардидааст.
Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, амният ва рушди устувор бозгӯ намуда, мақоми кишварро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким мебахшад.

Нақши Пешвои миллат дар пешниҳод, муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси байналмилалӣ арзиши калидӣ дошта, маҳз сиёсати хирадмандона ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди дурандешонаро дастгирӣ намояд. Қабули ин Қатънома на танҳо дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ҳамин тариқ, имрӯз масъалаи сулҳу субот дар ҷаҳон масъалаи калидӣ ба шумор рафта, давлатҳои алоҳида ба хотири наслҳои имрӯзу оянда муқаррароти Қатномаи мазкурро иҷро намоянд, барои ба осоиш овардани нуқтаҳои гуногуни даргир дар сайёра танҳо ақли солим, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамкориҳои судманд дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло,
доктори илмҳои таърих, профессор

Ҷабборзода Иброҳим Раҳмат,
номзади илмҳои таърих, дотсент