Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Карон пласт»-ро дар ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Карон пластр”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти корхонаи нав ва маҳсулоти тайёри он шинос шуда, бо мутахассисони ватанӣ суҳбати самимӣ намуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳмон Шифоев бунёд гардидааст.

Дар корхона қубур ва дару тирезаҳои пластикӣ бо истифода аз технологияи муосир дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дар корхонаи навтаъсиси истеҳсолӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 2400 метр қубур бо андозаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашонидани хати оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ гардидааст.

Қубурҳои истеҳсолии корхона ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истифода шуда, талабот ба ин навъи масолеҳ дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мебошад.

Маҳсулоти корхона барои солҳои зиёд кафолат дода мешавад.

Қубурҳо ва дару тирезаҳои пластикии истеҳсолкардаи корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир буда, аз ҷумлаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд.

Ифтитоҳи корхонаи нав имконият медиҳад, ки талаботи бозори ноҳия ва атрофи он бо ин навъи маҳсулот қонеъ карда шавад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки дару тирезаҳои пластикӣ дар корхона асосан дар асоси фармоиши мизоҷон истеҳсол карда мешаванд.

Масоҳати қитъаи замини корхона 2157 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи бинои истеҳсолӣ дар майдони 402 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст.

Хатҳои технологӣ ба корхона аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Чин ворид карда шуда, бо иштироки мутахассисони ватанӣ васлу насб гаштаанд. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас карда мешавад.

Маҳсулоти корхона асосан барои бозори дохилӣ равона гардида, дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти он ба кишварҳои минтақа ҳам ба роҳ монда хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.