Хабарҳо
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд - 20.08.2019 07:24
Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд - 19.08.2019 13:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд - 19.08.2019 13:14
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид - 19.08.2019 09:59
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Дар вилояти Суғд 5143 духтур ва 17393 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд - 19.08.2019 09:53
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20

Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

( 0 Овоз )

Иди касбии шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон - Рӯзи кормандони тибро ба кулли табибону ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, барори кору саодати рӯзгорашонро таманно менамоям.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, баёнгари ҳусну таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошанд.

Табибони вилоят иди касбии хешро дар арафаи ҷашни бузурги миллат - 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунанд ва барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳо бо ҷидду ҷаҳди бештар меҳнат карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бо дастони мӯъҷизакор, хиради синоӣ ва суханони нек ба ҳифзи саломатии мардум мусоидат намуда, онҳоро умри дубора мебахшанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мавқею мақоми шоиста дошта, аҷдодони донишманди мардумӣ давоми солҳову қарнҳо дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи бесобиқаи тибби ҷаҳонӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд. Боиси ифтихору сарбаландист, ки асарҳои безаволи донишварони тоҷик Закариёи Розиву Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар дар қатори осори пурғановати олами тибби ҷаҳон мавқеъ гирифтаанд.

Шоистаи зикр аст, ки табибони вилоят, дар қатори духтурону олимони машҳури дунё, бо фаъолияти пурмаҳсулашон собит мекунанд, ки ворисони арзанда ва ҳақиқии гузаштагон мебошанд. Алҳол дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 5025 нафар табибон фаъолият доранд ва аз ҷумлаи онҳо 80 нафарашон соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзади илмҳои тиб ҳастанд. Илова бар ин, 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6359 нафар кормандони хурди тиб ёварони ҳақиқии табибон маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд ва ба эҳтирому боварии мардум сазовор гардидаанд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, омодагиҳо вусъати тоза гирифтаанд. Дар назар аст, ки ба ин муносибат дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир, азнавсозӣ ва созмон додани ҳуҷраҳои таваллуд ва хатнаи кӯдакон, дар маҷмуъ 267 иншоот ба анҷом расонида мешавад.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки табибони вилоят минбаъд ҳам дастовардҳояшонро афзун мекунанд, роҳу усулҳои наву замонавии табобатро ҷорӣ менамоянд, баҳри ҳифзи саломатии мардум меҳнати шоиста мекунанд.

Ворисони Сино - табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва кулли мардуми шарифи вилоятро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику таҳният гуфта, сиҳатии комил, комёбиҳои беназир, саодати рӯзгорро таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб