Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи сохтмончиён

( 0 Овоз )

Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонқарор доранд.

Ин санаи фархунда боиси ифтихори ҳар як шахси ватандўст ва худогоҳу хештаншинос буда, барои кулли кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ мубораку фараҳбахш маҳсуб меёбад. Зеро, маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят иншооти бузург, аз ҷумла нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон, роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Бўстон – Чаноқ,  Айнӣ – Панҷакент, хатти интиқоли барқи баландшиддатиҶануб – Шимол ва Гулистон – Ашт, қитъаи роҳи Деҳмой – Исфара,  мактабу варзишгоҳҳо ва иншооти варзишӣ,қасрҳои мўҳташами фарҳанг ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, азхудкунии заминҳои нав, мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард, бунёди иншоотҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Нақша – чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, ки мувофиқи он дар вилоят зиёда аз 3 000 иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шароит фароҳам меоварад.

Пешвои миллат бо ишора ба хизматҳои сохтмончиён таъкид намудаанд, ки «Дар бунёду эъмори Истиқлолияти давлатӣ хиште ниҳодан шарафи бузург аст».

Татбиқи амалии ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи имрўза ҳосили тадбиру талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба яке аз гўшаҳои зебоманзари олам мубаддал гардидааст.

Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни вилоят аз ўҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони соҳаи сохтмонро  ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, барояшон тани сиҳат, ободии рўзгор ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи сохтмончиён