Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи кимиёгарон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз,

Ҳамасола рўзи  якшанбеи охири моҳи май кормандони соҳаи кимиё иди касбии худро таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки  ин санаи муҳимро  кимёгарони вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Соли равон иди касбии кормандони  соҳаи кимиё дар рўзҳое таҷлил мегардад, ки омодагӣ  ба ҷашни фархунда - Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вусъат гирифтааст. Ҳамчунин кимёгарон барои бо армуғонҳои баланди меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷидду ҷаҳди беш фаъолият мебаранд ва нишондиҳандаҳояшонро афзун мегардонанд.            
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кимиёро дар қатори соҳаҳои муҳимтарини  хоҷагии халқи мамлакат ҳисобида, ҳамзамон  нақши онро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар алоҳида зикр намудаанд.    Дар замони муосир мо  наметавонем,  рўзгору ҳаётамонро бе дастовардҳои илму техника, хусусан бе илми кимиё тасаввур намоем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кормандони  соҳа иди касбиашонро бо ворид кардани технологияҳои муосир ва таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Кимиё дар иқтисодиёти вилоят нақши асосӣ бозида,  истеҳсоли   маҳсулоти кимиёвӣ  торафт меафзояд ва  ва олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷудаи дохилӣ ҳаматарафа истифода бурда, ба фаъолияти муназзами корхонаҳои соҳа дар шароити мусоиди рушди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои мусоид мегузоранд. Ба шарофати дастгирии давлатӣ иқтидорҳои қаблии корхонаҳои коркарди метал, сурмаю руҳ, ранг ва шишаи моеъ, пленкаҳои полиэтиленӣ, нуриҳои минералӣ, қубурҳои пластикӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда, фаъолияти корхонаҳои соҳа ба талаботи имрўза мутобиқ гардонида мешавад.

Боварии комил дорам, кимиёгарони вилоят минбаъд низ рушди соҳаро таъмин ва баҳри ободии Ватан ва рўзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлол  хизмати софдилона менамоянд.

Кулли кимиёгарони вилоятро бо иди касбиашон, ки баҳри рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд, муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак, дўстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи кимиёгарон