Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хушбахтии оилавӣ ва бахту саодати зиндагӣ таманно менамоям.

Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, оила чун ҷавҳари ҷомеа дар ҳама давру замон мақому манзалати хосаеро дорост. Оила – мазраест поку муқаддас, мисбоҳест муниру ҷилобахш, ки аз нури он шоҳроҳи умри бардавоми инсоният рӯшан мегардад. Оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат амалӣ мегардад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Воқеан ҳам, оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад ва ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон мусоидат менамоянд, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо ин мақсад, дар самти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корбарии амиқ ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некӯаҳволии оилаҳо равона карда шудааст.

Давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Натиҷаи тадбирҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо буд, ки имрӯз дар ҳудуди вилоят 264 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ амал менамояд, ки аз ин 71 ададашро маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ташкил медиҳад.

Солҳои охир даҳҳо бонувони ҳунарманд ба гирифтани гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сазовор гардиданд.

Дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат имконият медиҳад, ки дар заминаи ҷойҳои нави кории бавуҷудомада бонувони мо вазъи иқтисодии оилаҳои худро беҳтар намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҳунарманд низ як қатор имтиёзҳо дода шуд. Аз ҷумла, зиёда аз 105 намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки дар хона истеҳсолоти хешро ба роҳ мондаанд, аз андоз озод карда шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии чунин оилаҳо мусоидат намуда, дар навбати аввал барои рушди ҳамаҷонибаи ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Боварӣ дорам, ки чунин тадбирҳои муҳим дар таъмини пойдории оилаҳои солиму қавӣ боис гардида, заминаҳое барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу донишвар, мутахассисони ҷавобгӯ ба замони имрӯз, афроди ватандӯсту соҳибназар ва хидматгузор баҳри фардои боз ҳам шукуфону дурахшони кишвар фароҳам хоҳад намуд.

Бори дигар фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осоишта, хонадони обод, оилаи пойдор ва ҳаёти пурфайзу шукӯҳро таманно менамоям.

Идатон муборак бошад!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила