Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Fалаба

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Ҳамасола даҳаи аввали моҳи май дар қаламрави кишвари азизамон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ – солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Корномаи фарзандони шуҷову матиниродаи миллати мо дар ин фоҷеаи мудҳиштарини асри ХХ бемисл буда, дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Бо ишора ба ҷоннисориҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномаи дар ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик дар солҳои ҷанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардидаанд, сари таъзим фуруд меорем».

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин набардҳо ҳазорон фарзандони кишвари мо иштирок намуда, шуҷоату далерии онҳо барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии халқҳо боқӣ мондааст.

Аз ин лиҳоз, таҷлили Рӯзи Ғалаба нишони арҷгузориву қадрдонӣ ба шуҷоату мардонагии фарзандони халқу кишварҳои гуногун мебошад, ки ба муқобили душмани ғаддор аҳлона мубориза бурда, зафар ёфтанд.

Қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориҳои фарзандони диловари Ватан ҳамеша дар қалбҳои мо маскан гирифта, бояд дар замири насли ояндасоз эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тақвият бахшад.

Бахусус, дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсии ҷаҳон, ки қувваҳои ҷудоихоҳ бо истифода аз равишҳои мухталиф оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор сохтанӣ мешаванд, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти хоса пайдо карда, аз ҳар шахси ватандӯст дар ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият масъулияти бештарро тақозо менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, ба табобату истироҳат фаро гирифтан, аёдат ва ғамхории ҳамешагӣ зоҳир кардан дар ҳаққи онҳоро, ки намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва ибрати наслҳои ҷавони миллат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад.

Бо эҳтирому арҷгузорӣ иштирокчиён, собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ, диловарони Ватан ва мардуми шарифи вилоятро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, осоиштагии рӯзгор ва барору муваффақият таманно дорам.

Иди Fалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Fалаба