Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

( 0 Овоз )

Муҳтарам аҳли зиё, устодон, олимон ва муҳаққиқон!

Рисолати илм дар ҳама давру замон ҳидоятгар буда, ҷомеаро ҳамеша ба сӯи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ менамояд.

Имрӯз олимону муҳаққиқон ба нерӯи тавоное табдил ёфта, дар густариши маънавиёти ҷомеа ва гиромидошти арзишҳои илмиву фарҳангии миллат нақши бориз мегузоранд. Бахусус, дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ тавсеа ёфта, бархӯрди тамаддунҳо тезутунд мегардад, масъалаи таҳқиқу омӯзиш ва тарғиби муосири арзишманди гузаштагони пурифтихорамон, гиромидошт ва ҳифзи суннатҳои миллию мардумӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар барҳақ таъкид доштанд, ки: «Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштагон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад».

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими аҳли илм тарвиҷи корҳои илмию таҳқиқотӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхона ва оммавигардонии мутолиаи он, арҷгузорӣ ба забон ҳамчун рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз маҳсуб меёбад. Гузашта аз ин, дар шароити муосир умдатарин ҳадафи мо ин аст, ки нерӯи қавии илмиву эҷодии зиёиёнро ба таҳкими ваҳдату арзишҳои милливу маънавӣ равона намуда, ҷавонони соҳибмаърифатро ба камол расонем ва ба ин восита дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи манофеи миллию давлатӣ саҳмгузор бошем.

Паҷӯҳишҳои олимону муҳаққиқон ва нақши мондагори онҳо дар рушди бемайлони илми тоҷик аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста арҷгузорӣ карда мешавад, зеро, дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки маҳсули андешаву афкор ва истеъдоди олимон аст, ба рушди ҷомеа нигаронида шудааст. Мо ҳамеша ба аҳли зиё такя намуда, нерӯи тавонои илмиву эҷодӣ ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ менамоем.

Дар баробари ин, аҳли илм бояд корҳои илмӣ ва ихтироъкорию навовариро боз ҳам тақвият бахшида, баҳри татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва иннаватсиониву технологӣ дар истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Итминони комил дорам, ки олимони вилоят ба таҳқиқи муаммоҳои илми муосир ва ихтирооти ҷадид пайваста кӯшиш намуда, нерӯи ақлонии худро ба рушди ҷомеа равона намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва фарди дурахшони кишвари азизамон нақши арзишманд мегузоранд.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи илми тоҷик