Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботананта таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо тинҷию осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва тинҷию оромӣ орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин санади тақдирсозро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин таъкид намудаанд:

“Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид”.

Дарҳақиқат, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуда, барои дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ рушд намудани ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, мувофиқи таҳлили коршиносони созмонҳои байналхалқӣ он ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст.

Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, аз беҳтарин падидаи санадҳои меъёрии кишварҳои мутамаддин ва арзишҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ бархурдор мебошад. Он аз меъёрҳои инсондӯстӣ сарчашма гирифта, марому мақсад ва иродаи кулли мардуми кишварро дар худ ба таври равшан таҷассум намудааст.

Бори дигар, мардуми шарафманди вилоятро бо солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон