Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Аҳамияту арзиши баланди ин ҳуҷҷатро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад, зеро ончунонки дар Конститутсия таъкид мешавад, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои чандандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ имконпазир гардад. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муқаррар шуда, баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кафолат дода шуд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст, зеро меъёрҳои он зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд.

Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.

Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми вилоят самимона муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд орзу менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон