Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29
Дилафрӯз​ Каримова​ ғолиби​ озмуни «Омӯзгори​ соли Тоҷикистон-2019» гардид​ - 20.01.2020 11:38

Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

( 0 Овоз )

Мӯҳтарам аҳли илм!

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми илму маориф дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пайваста боло рафта, натиҷаҳои тадқиқу баррасии олимони кишвар аз ҷониби давлат ва ҳукумат ба шоистагӣ арҷгузорӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳамасола ба ном ва пайкори ин ё он шахсияти бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ номгузорӣ шудани солҳои тақвимӣ дар баробари қадршиносӣ аз заҳмати аҷдоди илмпарвару соҳибсухани мо ба баланд шудани сатҳи илму маърифат дар ҷомеа ва мақоми олимону донишварон заминаҳои муҳиме фароҳам меоварад.

Дар ин раванд мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони лаёқатманду боистеъдоди вилоят, низ таваҷҷӯҳи махсусест дар шинохти нақши аҳли зиё ва ҷавонони болаёқату дастовардҳои илмии замони муосир.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар истиқболи ин падидаҳои маърифатпарваронаи Сарвари давлат ҷиҳати ҷалби бештари аҳли паҷӯҳиш ба анҷоми корҳои мондагори илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои шоёни олимон пайваста иқдом менамояд. Ба беҳтарин муҳаққиқони риштаҳои мухталифи илм тақдим шудани Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи ин иқдомот ба шумор меравад. Минбаъд низ дар ин самт ҷиҳати боз ҳам баланд шудани мақоми илм ва олимон дар ҷомеа ва истифодаи маҳсули зеҳнии онҳо дар бунёди ояндаи дурахшони миллат саҳми муносиб гузошта хоҳад шуд.

Бо ин ниятҳои хайр Рӯзи илми тоҷикро ба кулли устодону олимон ва паҷӯҳишгарон самимона таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо бахту иқболи накӯ,  рӯзгори босаодат, завқи баланди  маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмиву таълимиро таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи илми тоҷик