Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Кулли кормандони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод менамоям.

Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мушкили иқтисодӣ ва вазъи мураккаби сиёсии мамлакат ташкил шудааст, ки дар он айём хавфи аз байн рафтани давлат вуҷуд дошт.

Таъмини бехатарии минтақаҳои кӯҳистон, муҳофизати иншоотҳои муҳим, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи зидди давлатӣ осон набуд, вале ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ бо савганди ҳарбӣ содиқ монда, дар майдонҳои набард ҷонбозиҳо карда тавонистанд.

Дар пойдор гаштани сулҳ саҳми афсарону аскарони қӯшунҳои номбурда назаррас аст.

Саҳифаҳои дурахшону пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ ба давраҳои торумор намудани гурӯҳҳои мухолифин, тоза намудани шаҳру деҳаҳо аз унсурҳои зиддиҷамъиятӣ, ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи сохти конститутсионӣ сахт алоқаманд буда, намунаи ибрат, шуҷоату мардонагӣ ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ мебошад.

Бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварамон ин санаро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихору фараҳмандӣ, фазои оромию осоиштагӣ ва созандагӣ ҷашн мегиранд.

Бо истифода аз фурсати  муносибат дар ин рӯзи фархунда ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохила ва сарбозон тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободӣ ва дар фаъолияти пурсамарашон, ки ба амнияти давлат робитаи қавӣ дорад, муваффақиятҳои беназир орзумандам.

Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ муборак бошад, афсарону сарбозони шуҷоъ!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон