Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен - 29.01.2020 17:58
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Афсарон ва сарбозони азиз!

Санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт.

Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.

Фарзандони асили вилоят, дар қатори ҳазорҳо ҷавонони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, бо садоқат ва имони комил, бо даъвати виҷдону супориши Ватан дар сафҳои Артиши миллӣ баҳри адои қарзи фарзандӣ камар бастанд.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлолро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи Шумо дар роҳи садоқат ба Ватан, талоши пайваста барои ҳифзи суботу амнияти устувори Тоҷикистони азиз ва адои хизмати содиқонаи ҳарбӣ комёбиҳо таманно намуда, кулли афсарон, сарбозони гарнизони Суғд, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро бо иди фирӯз, яъне Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод менамоям. Ба шумоён сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон