Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Паёми шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи мошинсозон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Кормандон ва собиқадорони соҳаи мошинсозии вилоятро бо иди касбиашон, ки ҳар сол якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегардад, табрику муборакбод менамоям.

Соҳаи мошинсозӣ солҳои охир эҳё гардида, ривоҷу равнақ меёбад ва ба равандҳои иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад, ки ин натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатро меҳвари асосии иқтисодиёт ҳисобида, таъкид менамоянд, ки ворид намудани технологияи нави муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз вазифаҳои муҳими рӯз аст.

Дар иртибот ба ин, дар вилоят ба рушди корхонаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва барои барқарор кардани иқтидори онҳо ҳаматарафа кӯмак расонида мешавад. Хушбахтона, тадбирҳои андешидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят натиҷаҳои хуб медиҳанд ва рушди бемайлони соҳа торафт ба назар намоён мегардад.

Саҳми кормандони ин соҳа дар амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат зиёд буда, ҷиҳати аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани он мусоидат менамояд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи кормандони соҳа, аз қабили қисмҳои эҳтиётӣ барои қатораҳо, техникаи соҳаи кишоварзӣ, таҷҳизоти барқӣ, радио, аробачаи маъюбон ва ғайра имрӯз писанди мизоҷон буда, барои ривоҷу равнақи хоҷагии халқ мусоидат менамояд.

Саҳми кормандони соҳа дар истеҳсоли маҳсулот ва ғанӣ гардидани буҷети вилоят назаррас буда, онҳо дар ҳашт моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 13 миллион сомонӣ расониданд. Итминони комил дорам, ки роҳбарият, кормандони муҳандисӣ, техникӣ ва коргарони корхонаҳои соҳа анъанаҳои беҳтарини меҳнатиро идома дода, баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Кулли кормандони соҳаи мошинсозии вилоятро бо иди касбиашон муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи мошинсозон