ҚАРОРИ Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

ҚАРОРИ  Раиси вилояти Суғд

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи дохилиидоравии

татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар

Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»

дар солҳои 2019-2020 дар вилоят

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

  1. Барнома ва нақшаи кории дохилиидоравии татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар солҳои 2019-2020 дар вилоят тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Ҳамоҳангсози қарори мазкур шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят муқаррар карда шавад.
  3. Шуъбаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои ҷавонон ва варзиш, тандурустӣ, маориф, рушди минтақавии иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Сарраёсати молия дар вилоят, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳои вилоят ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур, тибқи нақшаи алоҳида, чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Масъулон доир ба рафти иҷрои барномаи дохилиидоравии «Стратегия муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар солҳои 2019-2020»  дар вилоят дар ҳар шаш моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
  5. Нақшаи кории дохилиидоравии татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» барои солҳои 2019-2020 дар вилояти Суғд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинони Раиси вилоят ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят гузошта шавад.


Раиси вилоят                                Раҷаббой Аҳмадзода

ШУМО ДАР: САНАДҲО ҚАРОРИ Раиси вилояти Суғд