Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990

( 0 Овоз )

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 январи соли 2019
№1181


ШУМО ДАР: САНАДҲО Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990