Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил шуданд. Рӯйхати навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Амон тартиб додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони радабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Ба даҳгонаи аввал Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Иордания Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгули Бердимуҳаммедов ва Рамзон Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин, ба қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Сами Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.

Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки радабандии The Muslim 500 тайи нӯҳ сол боз, ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Амон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд