Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019» дидан намуданд

( 0 Овоз )

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо-2019»-ро тамошо карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони кишвари Чин аз гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ ва рушди деҳот», ки дар намоишгоҳ бо фарогирии масоҳати 100 метри мураббаъ мақоми хосае дошт, боздид ба амал оварданд.

Дар ин ҷо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузоштанд.

Дар маркази гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон акси қуллаи баландтарини Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр намоён аст.

Тарҳи НБО нишони захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвари мо мебошад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосии содироткунандаи меваҳои хушк мебошад ва маҳсулоти ин навъи неъматҳо дар намоишгоҳ мавқеи хос дошт. Меваҳои хушки кишвар бо тозагии экологӣ, тамъи нотакрор дар ҷаҳон машҳур аст ва харидорони худро дорад.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнашикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили «Оби зулол», «Зода», «Субҳи Ватан» ва «Комбинати хӯроквории Бохтар» пешкаш карда шуд.

Маҳсулоти боғдорӣ аз қабили меваҳои тозаву чормағз аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, КВД Хӯрокворӣ, Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, Палатаи саноат ва савдо, Корхонаи Асали тоҷик, Интермед, Абрикос компания, Оро Исфара, Баракати Исфара, Исфарафрут, Меваи Канд Экофрут Исфара, Аввалин, ширкати Амирӣ ва Корхонаи Ширин, ба маъраз гузошта шуда буд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ туҳфаҳо аз сангҳои нимқимматбаҳои корхонаҳои Рухом ва Асрори Санг намоиш дода шуд.

Гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шудааст.

Хонаи асал, катҳои чӯбини кандакоришуда, боғҳои ангур, курпаву курпачаҳои миллӣ, қолинҳо ва дигар кашидадӯзиҳои тоҷикӣ диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Пекин ба намояндагони корхонаҳои кишвар ва шахсони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баҳои баланд дода, барои ин иқдомашон изҳори сипос карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share