Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон Паём мефиристанд

( 0 Овоз )

Имрӯз  дар шаҳри Душанбе   ҷаласаи ҳафтуми  якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манзур менамоянд.

Интизор меравад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ  ба таври мустақим пахш мегардад.

 

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон Паём мефиристанд