Маориф

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин  соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ  дода мешавад.

Дар соли 2019 ба соҳаи маориф 867,4 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шудааст, ки нисбати соли қаблӣ 84,3 млн. сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд мебошад.

Соли таҳсили 2019-2020 дар вилоят 929 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 815 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 32 гимназия, 24 литсей, 1 Мактаби Президентӣ, 4 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор  фаъолият дошта, дар онҳо 547925 нафар, аз ҷумла 267888 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2018-2019  1 муассисаи таълимӣ  ва шумораи хонандагон 14233 нафар зиёд мебошад.

Зиёдшавии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин аз сабаби ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ шумораи мактабҳои асосӣ аз 55 ба 39 адад кам гардидаанд.

Дар соли 2019 дар вилоят 272 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 56 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44 ҳазору 507 нафар кўдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 адад афзудааст.

Ғайр аз ин дар марказҳои инкишофи кўдак  757 гурўҳҳо бо фарогирии 16289 нафар кўдакони 6 сола амал мекунанд. Умуман дар вилоят 20,4 фоизи кўдакони синни томактабӣ  ба  кўдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кўдак ҷалб шудаанд.

Дар ҳудуди вилоят 13 муассисаҳои таълимии типпи мактаб-интернат, аз ҷумла  3  мактаб - интернат  барои кӯдакони ятим, бепарастормонда ва аз оилаҳои камбизоат, 5 мактаб-интернати махсус  барои  кӯдакони   ношунаво ва гунг, ақлан носолим, бо бемории  нишонаи сил дошта, қувваи босираашон суст ва нобино,  4  интернати наздимактабӣ ва як Хонаи кӯдакон фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои номбурда теъдоди тарбиятгирандагон  1227 нафар, аз ин миқдор 427 нафар духтарон  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 35 нафар ятим, 136 нафар бепадар, 58 нафар бемодар, 96 нафар тарбиятгирандагоне,  ки  мактаб аз  ҷои   зисташон дур ва 902 нафар  кӯдакони маъюб ва нуқсондорро ташкил медиҳанд.

Дар давраи таътили зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 ҷиҳати фарогирии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истироҳату фароғат корҳои босамар ба анҷом расонида шуданд.

Таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба беҳдошти рӯзгор ва таъмини фароғати аҳли маориф хеле зиёд аст. Бо ибтикори Раиси вилоят 250 нафар омӯзгорони пешқадам, эҷодкору навовар, собиқадорони соҳа дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара ва 300 нафар хонандагони ятиму бепарасор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Шумораи омўзгорони вилоят 38714 нафар буда, аз онҳо 31558 нафар бо таҳсилоти олӣ, 2156 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 5000 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Илова бар ин шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 81,5%-и шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудааст, ки нисбати соли 2018 1,8% зиёд мебошад.

Дар давоми  соли 2019, тибқи  нақшаи  кории  Донишкада   12 Шўрои илмӣ-методӣ бо  иштироки  аъзоёни  Шўро ва  кормандони Донишкада ташкил ва гузаронида шуда, 62 масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода  шуданд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар 48 ҷаласаҳои назди директори филиали Донишкада 144 масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Давоми соли 2019 мувофиқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус барои соли 2019  бояд 291 номгўи курсҳои такмили ихтисос бо фарогирии 7275 нафар шунавандагон ташкил ва гузаронида мешуданд. Дар натиҷа 306 номгўи курси такмили ихтисос, 105%-и нақша бо фарогирии 7900 нафар  шунаванда  баргузор  гардид, ки 108%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар асоси нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус давоми соли 2019 мебоист, 135 нафар шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд, дар натиҷаи корбарӣ бо кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияи  вилоят дар ин давра 136 нафар ихтисоси худро дар донишкадаи чумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе такмил доданд, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи фаъолияти кафедраҳову шуъбаҳои  филиали Донишкада дар давраи ҳисоботӣ 85 семинарҳои  махсус бо  иштироки 2125 нафар  шунавандагон ба нақша гирифта шуда, иҷроиш  85  семинар бо фарогирии 2262 нафар шунаванда ташкил ва баргузор гардид. Вобаста ба мавзўъҳои илмӣ ва илмию методии кафедраҳо, санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳои миллӣ дар давраи ҳисоботии соли 2019 аз ҷониби кафедраҳо, бахши илм ва инноватсияи филиал чорабиниҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ, аз ҷумла, 18 конференсияи илмӣ, 14 адад мизҳои мудаввар, 5 адад озмунҳо, 1 семинари дастурдиҳии вилоятӣ ташкил ва баргузор гардиданд. Дар маҷмўъ дар конференсияҳои зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами таълиму тарбия аз ҷониби олимон ва омўзгорони филиали Донишкада 52 маърўзаҳо, аз ҷониби омўзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 30 маърўзаҳои илмӣ шунида шуданд.

Аз 1 августи соли равон имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва  миёнаи касбӣ оғоз гардид. Дар соли таҳсили 2018-2019 34891 нафар хонандагон мактабҳои вилоятро хатм намуданд. Бо назардошти хатмкунандагони солҳои пешин 17814 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 352 нафар (179 нафар духтар) тариқи квотаи президентӣ, 1473 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 104 нафар ба давлатҳои хориҷи дуру наздик дохил шуданд. Дар умум шумораи дохилшудагон 19743 нафарро ташкил дод, ки  баробари  56,6%  мебошад.

Барои муқоиса хотирнишон месозем, ки дар соли таҳсили 2017-2018 34935 нафар хонандагон мактабҳои вилоятро хатм намуданд. Бо назардошти хатмкунандагони солҳои пешин 16302 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 302 нафар тариқи квотаи президентӣ, 1447 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 118 нафар ба давлатҳои хориҷи дур дохил шуданд. Дар умум шумораи дохилшудагон 18169 нафарро ташкил дода буд, ки  баробари  52,0%  мебошад.

Дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2018-2019 нишондиҳандаҳои дохилшавии довталабони вилояти Суғд баландтарин мебошад.

Дар назди Раёсати маорифи вилоят Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, бо 7 воҳиди корӣ амал намуда истодааст. Ба маҳфилҳои фаннии вилоятӣ (математика, физика, химия, биология) 7 нафар омўзгорони пешқадам ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин дар назди 18 раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил гардида, дар онҳо 65 воҳиди корӣ, аз ҷумла 18 воҳиди кории директор, 6 воҳиди кории мудири бахш, 14 воҳиди кории сармутахассис, 15 воҳиди кории мутахассиси пешбар ва 12 воҳиди кории мутахассис фаъолият мебаранд.

Соли таҳсили 2018 -2019  9 нафар аъзоёни маҳфили фанни биологияи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии фаннӣ, 6 нафар аз фанни химия, 4 нафар аз фанни физика, 3 нафар аз фанни математика ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Соли таҳсили ҷорӣ бо мақсади дарёфт намудани хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даври якуми олимпиада дар муассисаҳои таълимӣ, даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоят ва даври чорум  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар даври якуми олимпиада 98802 нафар, даври дуюм 14608 нафар ва даври вилоятӣ 2833 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5-11 иштирок намуданд.

Соли таҳсили ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ (13 фанни таълимӣ)  104 нафар, даставӣ (11 фанни таълимӣ) 111 нафар, номӣ (6 фанни таълимӣ) 49 нафар, синфҳои 5-8 148 нафар (12 фанни таълимӣ)  хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентӣ иштирок намуда, 190  нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара бештар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба гирифтани  46, ноҳияи Б.Ғафуров 39 ва шаҳри Исфара ба гирифтани 34 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Ҳамзамон 17 нафар иштирокчиёни фаъол, ки аз натиҷаҳои ба дастовардаи ғолибони олимпиадаҳо  аз 1 то 2 холӣ фарқ намуданд, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ғолибон бо Ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Соли таҳсили ҷорӣ 220 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла 19 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлатҳои Таиланд, Ҳиндустон, 18 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии лоиҳавии давлатҳои Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон, Ҷумҳурии  Қазоқистон ва 183 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии давлатҳои Фаронса ва Тайван гардиданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят «Дар бораи эълон шудани «1300  рўзи меҳнати зарбдор баистиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурии таълим, барқарорсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони мактаб дар мавзеъҳои аҳолинишини навбунёд корҳо вусъати тоза касб мекунанд.

Соли 2019 дар вилоят  37 иншооти соҳаи маориф бо 4761 ҷойи нишаст, аз он ҷумла  98 синфхонаҳои иловагӣ назди муассисаҳои таълимӣ бо 2826 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати бунёди муассисҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорону кумитаи падару модарон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Соли  2019  4 синфхонаи иловагӣ назди  МТМУ №55 Ҷамоати деҳоти Ашт, 2 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №59 Ҷамоати деҳоти Ашт, 4 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №6 Ҷамоати деҳоти Ориён, 4 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №51 Ҷамоати Меҳрободи ноҳия Ашт, 3 синфхонаи иловагӣ назди муассисаи МТМУ №2 дар Ҷамоати деҳоти Урметан ноҳияи Айнӣ, 4 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №46 Ҷамоати деҳоти Пошкент, 2 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №21 Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, 2 синфхонаи иловагӣ МТМУ №62 Ҷамоати Зарҳалол, толори варзишӣ назди муассисаи таълимии МТМУ №22, гимназияи №6 ва 2 иншооти ёрирасон назди МТМУ №63,6 шаҳри Истаравшан, 4 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №45 шаҳраки 19, 8 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №47 Ҷамоати деҳоти Э. Шарифов, 5 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №53 Ҷамоати деҳоти Р. Ҳамробоев шаҳри Канибодом, 5 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №5 деҳаи Файзобод, 5 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №19 деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Мастчоҳ, 12 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №9 Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, 8 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №107 Ҷамоати деҳотӣ Шинг, 6 синфхонаи иловагӣ назди МТМУ №54 шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд.

Моҳи августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич (кӯдакистон барои 240 нафар, барқарорсозии қисмати таъмирталаби МТМУ №17 дар Ҷамоати деҳоти Яхтан), Зафаробод (кўдакистони хусусии Афсона барои 100 нафар), Ҷ. Расулов (кўдакистони хусусии Файзбахш барои 200 нафар) ва дар шаҳри Хуҷанд (кўдакистони №3 барои 200 нафар) мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар  соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 1442 компютерҳои ҳозиразамон ва 159 адад тахтаҳои электронӣ таъмин карда шуданд. Алҳол дар 1104 синфхонаҳои компютерӣ 18560 адад компютер, 2752 принтер, 97 адад сканер, 520 адад тахтаҳои электронӣ, 753 адад проэкторҳо  мавҷуд буда,  877 синфхонаҳои компютерӣ ба шабакаи Интернет пайваст карда шудаанд.

Истифодаи шабакаи INTERNET дар раванди таълими фанни технологияи информатсионӣ, кор бо хонандагони лаёқатманд, ташкили махфилҳо, омода намудани хонандагон ба давраҳои олимпиадаи фаннии мактаббачагон, олимпиадаҳои байналмиллалӣ ва фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Спитамен, Шахристон, Истаравшан хуб ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Бақияи ангишт дар муассисаҳои таълимии вилоят 910 тонна ва ҳезум  721 метри мукаабро  ташкил медод. Бо назардошти бақияи ангишт ва ҳезум нақшаи талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба сӯзишворӣ муайян қарда шуд. Талабот ба ангишт ба фасли зимистон 14 ҳазору 211 тонна ва ҳезум 7 ҳазору 27 метри мукаабро ташкил медиҳад.  То санаи 27.09.2019  нақшаи захираи ангишт 100,4% ва ҳезум 100,3%- ро ташкил намуд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Соҳаҳо Маориф