Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Қарори Раиси вилоят оиди баргузории озмуни «Хома созанда - 2016» ба тасвиб расид

( 1 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2016» аз 17 феврали соли 2016, №80 ба тасвиб расид.

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда - 2016» соли сеюм аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирии рузноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму оин ва арзишҳои миллӣ фаъолона ширкат меварзанд, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон мебошад.

Озмуни имсола дар номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

а) «Соли фарди солим» ва масъалаҳои актуалии  ҷомеа:

-  тарғиби Барномаи вилоятии «Соли 2016 - соли фарди солим», тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, вазъи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, мушкилот ва пешравиҳо, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, муносибати табибон бо беморон, вазъ, мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маориф, ҳаёт ва фаъолияти занону ҷавонон.

б) Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ:

- тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, фаъолияти назаррас, дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ, муносибати некхоҳона ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ.

в) Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ:

- эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва атласу адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат;

- фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

г) «Соли 2016 - соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод»:

- рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар сатҳи маҳал, инъикоси корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бунёди ҷойҳои истироҳатӣ, варзишӣ, фароғатӣ ва баргузории маҳфилҳои гуногун, ташкил ва азнавсозии майдончаҳои варзишӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, сафедоршинонӣ ва таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ, баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи раисони кумитаи маҳалла ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак дар ҳалли саривақтӣ ва хушсифати дархости мардум.

Дар доираи озмун инчунин 1 номинатсия барои таҳқиқоти журналистӣ (новобаста аз шакли расона) муқаррар карда мешавад.

Барои ғолибони озмун чун анъана маҷмӯан 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: БАХШҲО Озмунҳо Қарори Раиси вилоят оиди баргузории озмуни «Хома созанда - 2016» ба тасвиб расид