Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Қарори озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»

( 0 Овоз )

Қарори озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»Оид ба озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 бахшида ба 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси беҳтари муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят, нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯъҳои махсуси аҳамият ва арзиши баланди иҷтимоидошта, дастгирии хабарнигорону расонаҳои хабарии вилоят ва дар асоси дархости муовини Раиси вилоят Бобоҷонова Р.М. аз 15 январи соли 2014:

  1. Ба муносибати ҷашни 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»  гузаронида шавад.
  2. Низомнома ва ҳайати ҳакамони Озмун тасдиқ карда шавад (Замимаи 1,2).
  3. Ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят супорида шавад, ки якҷоя бо бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани Озмун тадбирҳои мушаххас андешад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Сангинов Ҷ.Р. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Ғиёсов Р.Р. гузошта шавад.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Озмунҳо Қарори озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»