Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019

( 0 Овоз )

АХБОРИ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии

вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 апрели соли 2019 ба андозаи 106,5 фоизи нақша иҷро гардида 450821,0 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 404941,7 ҳазор сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 99,9 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,9 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,8 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2735,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 116,4 фоизро ташкил кард.

Аз 158 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти соли 2019 истеҳсоли 108 номгӯй (68,4 фоиз) афзуда, 47 номгӯй (29,7 фоиз) кам шудааст ва 3 номгӯй (1,9 фоиз) истеҳсол нагардидааст.

Дар соҳаи саноат 636 корхонаҳо саноати фаъолият доранд, ки аз он 36 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Аз 600 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - марти соли   2019-ум 325 корхона (54,2 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Айни замон миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 181 адад ё 30,2 фоизро ташкил намуда, 94 (15,6 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам карданд.

Аз 181 корхонаҳои бозмонда, 111 адад корхонаҳо аз сабаби мавсимӣ будани маҳ-сулоти истеҳсолкардаашон аз фаъолият бозмонданд.

Саноати истихроҷ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ба маблағи 838,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 99,3 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 80,2 фоиз ва энергетикӣ 137,4 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 37,4 фоиз зиёд истеҳсол гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани ангиштсанг ба 43,4 фоиз мебошад. Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 80,2 фоизро ташкил дода, ки ин асосан аз ҳисоби кам шудани истих-роҷи конҳои филизӣ мебошад.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум  1613,6 млн. сомонӣ ё 143,9 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 589,3 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 133,1 млн. сомонӣ ва дӯзандагӣ 36,4 млн. сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 132639,5  ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ  114,2 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 31,9 фоиз, гӯшт 20,1 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 16,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 42,7 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии бетони сохтмонӣ 5,1 баробар ва  семент 19,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 1,8 баробар зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани газворҳои абрешими тайёр 2,2  баробар, маҳсулоти кашбофӣ 27,4 фоиз ба амал омадааст. Камшавии маҳсулоти дӯзандагӣ аз ҳисоби кам шудани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ 24,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 274,1 млн. сомонӣ ё 106,7 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст. Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 9263,4   ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84,5 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 2602,2 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 30,9 фоизро ташкил медиҳад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 522,4 млн. сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 12,0 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 2,2 млн. сомонӣ ё 15,5 фоиз ва чорводорӣ 520,2 млн. сомонӣ ё 12,0 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 389,7 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  15,1 фоиз зиёд аст.

Кишти баҳорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими кишту кори баҳорӣ давом карда истодааст.

То 1 апрели соли 2019 ҳамагӣ дар майдони 59316,1 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ  гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 38459,4  гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо гандум – 12306,6 гектар, ҷав – 24586,4 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 1566,4 гектар,ҷуворимакка барои дон – 1103,1 гектар, зироатҳои техникӣ - 7831,6 гектар, аз он пахта - 4795,6 гектар, картошка - 3763,9 гектар, сабзавот - 3792,9 гектар, полизҳои озуқаворӣ - 236,7  гектар ва зироати хӯроки чорво - 4117,9  гектар мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 17,0 фоиз зиёд шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 апрели соли 2019 дар майдони 505,2 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 89,0 фоиз иҷро шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 471,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  83,0 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 89,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 285,2 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 96,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор шинонда шудааст.

То 1 апрели соли 2019-ум 33,7 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамагӣ 1001 гектар боғҳо ва 81,7 гектар токзорҳо аз нав барқарор карда шуд.

Ҳамагӣ 13,4 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 апрели соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3430 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2544 адад ё 74,2 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.

То 1 апрели соли 2019 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 290 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,5 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 84,5 кг рост меояд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 кг кам мебошад.

ЧОРВОДОРӢ

Ба 1 апрели соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 649,3 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 ҳазор сар ё 0,9 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 20,9 ҳазор сар ё 1,4 фоиз, саршумори мурғ 1279,1 ҳазор сар ё 73,8 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,7 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ - 4,4 фоиз, Ашт ва Куҳистони Мастчоҳ - 1,9 фоизӣ, Зафаробод - 1,5 фоиз, Истаравшан - 1,1 фоизро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 11792,4  тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2018-ум 2,9 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон – 5,7 фоиз, Исфара – 5,2 фоиз, Ашт – 4,7 фоиз, Мастчоҳ – 4,1 фоиз, Истаравшан – 3,4 фоиз, Зафаробод – 3,2 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 70446,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2018-ум 2,9 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 14,7 фоиз, Зафаробод – 4,4 фоиз, Исфара – 2,4 фоиз, Ашт– 2,3 фоиз, Ҷ.Расулов – 1,9 фоиз  афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,6 фоизро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 апрели соли 2019 ба миқдори 84714  ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли 2018-ум 2,2 баробар зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 5,8 баробар, Ҷ.Расулов – 3,2 баробар,  Б.Ғафуров –  3,1 баробар, Панҷакент – 2,1 баробар зиёд намуданд.

Ба 1 апрели соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 2976 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 апрели соли 2018 хоҷагиҳои вилоят 2,1 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 8,0 фоиз, Зафаробод – 7,1 фоиз, Айнӣ – 6,7 фоиз, Истаравшан – 4,3 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 47778 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 апрели соли 2018 хоҷагиҳои вилоят 3,8 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод – 51,9 фоиз, Исфара – 34,2 фоиз, Ашт – 21,7 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 апрели соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 360 кг шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли 2018-ум 2,3 фоиз ё 8 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 апрели  соли 2018 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом – 35 кг,  Ҷ.Расулов – 18 кг, Мастчоҳ - 11 кг, Исфара – 9 кг, Айнӣ – 7 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 69 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли 2018-ум 15,0 фоиз ё 9 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 апрели соли 2019 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 19 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 5,6 фоиз ё 1 сар зиёд аст.

Ба 1 апрели соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 53 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт – 19 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров – 12 сарӣ, Айнӣ – 2 сарӣ, Спитамен – 1 сарӣ  кам барраю бузғола гирифта шудааст. 

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 755,8 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 32,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 3,1 тонна, шир 1,9 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 94 сар чорвои калон, 3435 сар гӯсфанду буз, 91 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИДОРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 523,1 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 2,8 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 26,3 тоннаро ташкил намуд.

Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 9,7 фоиз, зағорамоҳӣ – 5,8 фоиз, амури сафед – 1,0 фоиз, суфмоҳӣ – 17,6 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 65,9 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 263659,4 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 101,4 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 156058,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 59,2 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 86923,2 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбати соли гузашта 87,9 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 38951,9 ҳазор сомонӣ ё 44,8 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро  ташкил кардааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 6548,6 ҳазор сомонӣ ё 7,5 фоиз, соҳибкорони хусусӣ – 25086,8 ҳазор сомонӣ ё 28,9 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 492,2 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, ҶДММ – 311,0 ҳазор сомонӣ ё 0,4 фоиз, корхонаҳои муштарак – 127,0 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 34701,4 ҳазор сомонӣ ё 39,9 фоиз,  маблағҳои аҳолӣ – 19656,2 ҳазор сомонӣ ё 22,6 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 107601,2 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 40,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда). Дар шаҳри Исфара дар МТМУ №42 синфхонаи иловагӣ барои 120 ҷои нишаст аз ҳисоби маблағҳои аҳоли сохта ба истифода дода шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ба масоҳати 64295 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2018-ум  100,4 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 56944 метри мураббаъ ё 88,6 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ –7351 метри мураббаъ ё 11,4 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2019 бо қувваи худ ба маблағи 58837,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2018-ум 110,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ба иҷро расонидаанд, чунин тавсиф дода мешавад: давлатӣ – 7,0 ҳазор сомонӣ, саҳомӣ 2172,2 ҳазор сомонӣ (3,7фоиз) ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 56658,2 ҳазор сомонии (96,3 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.    

НАҚЛИЁТ

Дар  моҳҳои январ-марти соли 2019 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 6,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 103,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 5,2 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 4,5 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 0,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 99,3 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 661,3 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,6 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-марти  соли 2019  45,8  миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 103,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ  45,8 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 103,9 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 5,9 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 68,6 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 49,5 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 91,5 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 727,6 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 98,3 фоиз мебошад.


ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ҳаҷми хизмати пулакии ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба  вилоят хизмат расонидаанд 857,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2018-ум 1,3 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи  319,9 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 37,3 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин  давраи соли 2018 бо нархҳои муқоисавӣ 7,9 фоиз кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 322,6 сомонӣ рост меояд.

 

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 гардиши  савдои чакана, яклухт, таъмири автомобилҳо дар вилоят  2509,3 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2018 суръати афзоиши гардиши мол бо нархҳои муқоисавӣ 2,2 фоиз ё ба маблағи 205,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст.  Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 1964,0 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 957,8 млн. сомонӣ ё 48,8 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 160,6 млн. сомонӣ чорвои зинда, 435,0 млн. сомонӣ маҳсулотҳои нафтӣ, 49,4 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 326,2 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба таъмири автомобилҳо 35,0 млн. сомониро ташкил додааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 53,6  фоиз ё 1033,9  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (17,9 фоиз), маснуоти қаннодӣ (6,8 фоиз), орд (4,8 фоиз),  равғани растанӣ (4,5 фоиз), қанду шакар (3,1 фоиз), картошка (2,7 фоиз) ва  меваҷот (2,5 фоиз).  Таносуби молҳои ғайриозуқа 46,4 фоиз ё 895,0 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводҳои бинокорӣ (28,3 фоиз), газворҳо (12,2 фоиз), пойафзол (9,3 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (6,3 фоиз), либос (4,7 фоиз ), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,9 фоиз)- ро  харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2019 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 726,0  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум 98,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - марти соли 2019 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  476,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 4,8 фоиз ё 24,2 млн. доллар кам  аст. Тарози савдо манфӣ буда – 269,2 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 42 мамолик, аз он ҷумла бо 9 мамолики ИДМ ва бо 33 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 81,6 фоиз ё 388,8                 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 18,4 фоиз ё 87,8 млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ - марти соли 2019 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 21,8 фоиз ва воридот бошад 78,2 фоизро ташкил мекунад, ки  касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 232,7 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 36,5 млн. долларро ташкил додааст.

Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2019 нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2018 бо мамлакатҳои ИДМ 1,6 фоиз ё 6,3 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 16,9 фоиз ё 17,9  млн. доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2019 содироти мол 103,7 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 23,9 фоиз ё 32,5 млн. доллар кам шудааст. Воридоти мол ба вилоят 372,9 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 2,3 фоиз ё 8,3 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ - марти  соли 2019 содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2018-ум 11,5 фоиз ё  689,4 тонна, нахи пахта 36,4 фоиз ё 3962,0 тонна кам шудааст.

Айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2019 содироти семент 33,0 фоиз ё 27180,6 тонна зиёд шудааст.

Воридоти гандум 35,5 фоиз ё 78580,0 тонна, орд 2,2 баробар ё 9026,8 тонна зиёд шуда, воридоти чӯб ва маҳсулот аз он 22,4 фоиз ё 22982,3 тонна,фулузоти арзон 36,8 фоиз ё 29037,6 тонна кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии соди-ротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 44,8 фоиз, Ӯзбекистон – 24,2 фоиз, Чин – 9,3 фоиз,  Туркия – 5,3 фоиз, Руссия –4,3 фоиз, Италия – 2,4 фоиз, Белҳгия – 2,1 фоиз, Эрон –  1,7 фоиз Нидерланд – 1,5 фоиз, Латвия – 1,4 фоиз, Қирғизистон – 1,1  фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон –  39,3 фоиз, аз Руссия – 36,8 фоиз, Чин – 8,9 фоиз, Литва – 2,9 фоиз, Қирғизистон –  2,0 фоиз,  Ӯзбекистон –  1,9 фоиз, Украина–  1,5 фоиз,  Корея – 1,4 фоиз, Туркия – 1,1 фоиз.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - марти соли 2019 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1143,8 ҳазор доллар ё 1732,5 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1123,7 ҳазор доллар ё 1732,2 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-феврали соли 2019-ум 407,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 259,0 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 148,5 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 марти соли 2019-ум 8,4 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,4 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,0 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2019-ум 1104,44 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 марти соли 2019-ум 13424,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2019-ум 335,0  ҳазор сомонӣ ё 2,5 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар саноати истихроҷи маъдан-12021,3 ҳазор сомонӣ (89,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ-1287,5 ҳазор сомонӣ (9,6 фоиз) ва дар саноати коркард-57,2 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз)-ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,0 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 108,1 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 104,5 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 103,1 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2019 индекси нархҳои истеъмолӣ 0,9 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,3 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз буд).

Аз аввали соли 2019 сатҳи таваррум дар вилоят 0,9 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2019 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудааст: помидор – 1,6 баробар, кабудӣ – 1,5 баробар, бодиринг – 37,9 фоиз, карам – 32,7 фоиз, ярмаи марҷумак – 15,2 фоиз, лаблабу – 11,2 фоиз, ярмаи дили гандум – 9,7 фоиз, бехпиёз – 9,6 фоиз, ярмаи ҷави луч – 9,3 фоиз, рулетҳо ва нонҳои қандини мавиздор – 8,1 фоиз, биринҷ – 7,7 фоиз, чакка – 6,7 фоиз, банан – 5,4 фоиз, макарон – 4,7 фоиз, орди навъи 1-ум – 4,4 фоиз, гушти мурғ – 3,2 фоиз ва думбаи гӯсфанд – 2,8 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра лимӯ – 44,0 фоиз, зардолуқоқ – 21,8 фоиз, себ – 14,4 фоиз, чормағз – 8,4 фоиз, тухм – 8,3 фоиз, ангур – 5,5 фоиз, равғани пахта – 8,3 фоиз ва рони мурғ – 1,5 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали соли 2019 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: собуни ҷомашӯи – 11,4 фоиз, воситаи моеъи шустушӯй барои зарф – 11,2 фоиз, қандили электрикӣ – 11,1 фоиз, хишти пухта – 11,0 фоиз, гулҳои зинда – 10,3 фоиз, дафтари мактабӣ – 9,2 фоиз, мошинаи ҷомашӯи – 5,9 фоиз, қолини синтетикӣ – 5,4 фоиз ва шифери асбестусементӣ – 4,9 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра тоқии миллӣ – 13,5 фоиз, гази моеъ – 13,1 фоиз, бензин АИ-92 – 9,0 фоиз, палтои занона – 8,1 фоиз, ангишт – 7,1 фоиз ва қирандуд (рубероид) – 2,5 фоиз арзон шуд.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ Хуҷанд-Москва (Сомон-эйр) – 1,6 баробар, эмкунии чорво – 39,5 фоиз, пардохт барои оби хунук ва канализасия – 11,9 фоиз, пардохти пули партов – 8,4 фоиз, арзиши боғчаи кӯдакона – 6,0 фоиз ва истиқомат дар меҳмонхона – 5,9 фоиз ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 7,6 фоиз мебошад.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2019

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2019-ум 4348 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2018-ум 40,0 фоиз зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 12,6 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 4,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2019-ум 1999 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2018-ум 28,4 фоиз зиёд шудааст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-марти  соли 2019-ум 154,8 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-марти соли 2019-ум бо назардошти бақияи аввали сол (0,1 млн. сомонӣ) 144,4 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 1 апрели соли 2019-ум 222,3 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: НАВИД Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019