Хабарҳо
Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад - 22.07.2019 14:52
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2018

( 0 Овоз )

АХБОРИ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2018»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба ҳолати 1 октябри соли 2018 ба андозаи 104,1 фоизи нақша иҷро гардида 1249111,4 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1217,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,8 фоиз мебошад.

Инчунин барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,9 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,9 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,7 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 8101,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 109,9 фоизро ташкил кард.

Аз 141 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 истеҳсоли 97 номгӯй ё 68,8 фоиз афзуда, 44 номгӯй ё 31,2  фоиз кам шудааст.

Дар соҳаи саноат 650 корхонаҳо фаъолият доранд, ки аз он 36 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Аз 614 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 384 корхона (62,5 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 86 адад ё 14,0 фоизро ташкил намуда, 130 ё 21,2   фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам карданд, 14 ё 2,3 фоиз корхонаҳо аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накарданд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2017 афзоиши истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроҷ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ба маблағи 3072,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 115,2 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 115,9 фоиз ва энергетикӣ 115,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 115,5 фоизро ташкил дода, зиёдшавӣ аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг 106,7 фоиз ба амал омадааст.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 4441,1 млн. сомонӣ ё 116,0 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 1731,2 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 404,4 млн. сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 551,0 млн. сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 94,6 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби камшавии истеҳсоли орд 20,9 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 15,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 1,9 баробар зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент 44,1 фоиз, бетони сохтмонӣ 19,6 фоиз ва хишти сементи 22,8 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 118,3 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани газвори абрешимии тайёр 15,3 баробар, маҳсулоти дӯзандагӣ 30,5 фоиз, қолин ва маснуоти қолинӣ 27,6 фоиз ва газвори пахтигини тайёр 3,1 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 587,0 млн. сомонӣ ё 102,7 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсими нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 505,3 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоизро ташкил кард.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 7901,2 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 11,1 фоизро ташкил медиҳад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 5594,5 млн. сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4419,3 млн. сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1175,2 млн. сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.

 РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 297373,6 тонна картошка ё 21,8 фоиз, 397543,7 тонна сабзавот ё 18,9 фоиз, 116120,4 тонна  меваҷот ё 9,4 фоиз, 50301,5 тонна ангур ё 15,0 фоиз зиёд, мутаносибан 221098,5 тонна ғалладонагиҳо ё 11,1 фоиз, 48680,7 тонна пахта ё 15,6 фоиз, 92828,9 тонна ё 15,8 фоиз полезӣ кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 241227,8 тонна ё 0,2 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом карда истодааст.

То 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка)  дарав карда шуд, аз майдони 88,7 ҳазор гектар, аз онҳо кӯфта шуд, 86,8 ҳазор гектар, ки ҳосили он 142,5 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии 16,4 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон 4433 гектар замин 23,7 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 53,4 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 11178,2 гектар, ки ҳосили он 217,0 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 194,1 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 9304,3 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 245,0 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 263,3 сентнериро ташкил медиҳад ва 498,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 4497,4 гектар 88,8 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 197,5 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 89,4 ҳазор тонна мева ва 37,4 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 17,0 фоиз ва ангур 25,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хӯроки сабзи чорво дар майдони 6334 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 6293,3 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хӯроки чорво давом карда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1 октябри соли 2018 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 365,1 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,8 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 157,7 ҳазор тонна ё 108,9 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 4,9 ҳазор тонна ё 86,2 фоиз тарбеда, 202,5 ҳазор тонна ё 109,5 фоиз коҳ, 14,7 ҳазор тонна ё 109,3 фоиз хӯроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 125,3 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 101,5 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 17,8 сентнерӣ хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрориро ба охир расониданд.

То 1 октябри соли 2018 ҳамагӣ дар майдони 695 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он пиёз буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,0 фоиз иҷро шудааст.

Захираи тухмӣ

Ҳамагӣ то 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ (бе ҷуворимакка) – 1081,3 тонна, аз он ҷумла гандум – 881,1 тонна, ҷав – 141,1 тонна, шолӣ – 15,2 тонна, лубиёгиҳо – 43,9 тонна, ҷуворимакка – 69,1 тонна, картошка – 1046,2 тонна, сабзавот – 2,3 тонна. Захираи тухмӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 69,0 фоиз иҷро шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3543 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2634 адад ё 74,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. То 1 октябри соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 1145,0 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 627,6 тонна кам аст.  Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 323,2 кг рост меояд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,4 кг кам мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 октябри соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 643,0 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,2 ҳазор сар ё 1,8  фоиз, саршумори гӯсфанду буз 33,4 ҳазор сар ё 2,2 фоиз, саршумори мурғ 888,5 ҳазор сар ё 53,0 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,7 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Спитамен - 11,6 фоиз, Деваштич - 3,5 фоиз, Мастчоҳ - 2,6 фоиз, Б.Ғафуров - 1,6 фоиз, Истаравшан - 1,4 фоизро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 29021,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2017-ум 2,2 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ-4,9 фоиз, Деваштич-4,4 фоиз, Ашт ва Исфара-4,1 фоизӣ, Б.Ғафуров-2,3 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 186137,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 октябри соли 2017-ум 1,7 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ - 13,1 фоиз, Истаравшан - 5,1 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ - 3,5 фоиз  ва Зафаробод – 1,9 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,0 фоизро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 октябри соли 2018 ба миқдори 142050,4 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2017-ум 31,2 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич - 2,7 баробар, Ҷ.Расулов - 1,9 баробар, Б.Ғафуров - 43,2 фоиз, Исфара - 13,5 фоиз,  Ашт - 10,3 фоиз ва Истаравшан - 9,8 фоиз зиёд намуданд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 400,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 октябри соли 2017-ум 4,0 фоиз зиёд аст.

Ба 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7375 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 октябри соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 6,9 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара - 26,1 фоиз, Мастчоҳ - 24,3 фоиз, К.Мастчоҳ - 15,7 фоиз, Ашт - 6,6 фоиз ва Истаравшан - 3,9 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 81184 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 октябри соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 1,1 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара - 29,2 фоиз, Айнӣ - 5,5 фоиз, Ҷ.Расулов - 1,8 фоиз ва Зафаробод - 1,1 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1179 кг шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2017-ум 2,3 фоиз ё 26 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 октябри  соли 2017 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ - 119 кг, Конибодом - 102 кг,  Бобоҷон Fафуров – 25 кг ва Панҷакент – 24 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 190 донагӣ тухм гирифта шудааст.

Ба 1 октябри соли 2018 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 48 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 6,7 фоиз ё 3 сар зиёд аст.

Ба 1 октябри соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 90 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Зафаробод - 22 сарӣ, Ашт - 15 сарӣ, Б.Ғафуров – 6 сарӣ  кам барраю бузғола гирифта шудааст.

 ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешавад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 2813,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 61,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 168,1 тонна, картошка 279,6 тонна, сабзавот 23,5 тонна, полезӣ 4,2 тонна, меваҷот 291,5 тонна, хӯроки чорво 265,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 14,1 тонна, шир 4,6 тонна, пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 89 сар чорвои калон, 3518 сар гӯсфанду буз, 87 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 2855,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 5,8 фоиз зиёд шудааст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 140,1 тоннаро ташкил намуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 9,3 фоиз, зағорамоҳӣ – 6,7 фоиз, амури сафед - 0,6 фоиз, суфмоҳӣ – 8,9 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 74,6 фоизро ташкил намудааст.


СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 895797,0 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 56,6 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 490088,1 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 54,7 фоизи ҳаҷми умумии  сармоягузо-риҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 351797,8 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 74,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 82319,4 ҳазор сомонӣ ё 23,4 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро  ташкил кардааст.

Дар ноҳияи Спитамен  анборҳои нигоҳдории гази моеъ ва сӯзишвории нафтӣ аз ҳисоби ҶСП «Фароз» ва ҶДММ «Гули Сурх континент»  ба истифода дода шуд. Ба ҶДММ «Зерновая компания» таҷҳизоти замонавӣ ворид гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон анбори нигоҳдории орд ва маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Анҳор», дар шаҳри Истаравшан сехи коркарди ғалладона аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 60039,1 ҳазор сомонӣ ё 17,1 фоиз, давлатӣ – 41935,5 ҳазор сомонӣ ё 11,9 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 49211,7 ҳазор сомонӣ ё 14,0 фоиз,  ҶДММ – 95063,8 ҳазор сомонӣ ё 27,0 фоиз, корхонаҳои муштарак – 10135,0 ҳазор сомонӣ ё 2,9 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 402,9 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз маблағҳои аҳолӣ – 95009,8 ҳазор сомонӣ ё 27,0 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоя-гузорӣ ба маблағи 405708,9 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 45,3 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ба масоҳати 333666 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 108,7  фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-сентябр 287834 метри мураббаъ ё 86,3 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 27865 метри мураббаъ ё 8,3 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ – 17967 метри мураббаъ ё 5,4 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд. Дар ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Понғоз дар МТМУ №58 синфхонаи иловагӣ барои 180 ҷои нишаст  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ беморхона барои 55 кат ва бинои иловагӣ дар ҳудуди кӯдакистони №10 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хизтеварз барои 30 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагона барои 240 ҷой аз ҳисоби маблағи ҶДММ «Иморатсоз» ва дар шаҳри Панҷакент боғчаи бачагона барои 200 ҷой аз ҳисоби КМ «Зарафшон» сохта ба истифода дода шуд. Инчунин дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхона барои 41 кат-ҷой ва дар худуди меҳмонхона ду адад майдончаи варзишӣ аз ҳисоби маблағи соҳибкори инфиродӣ сохта шуд. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони 3 адад майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди Шабакаи барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби ҶС «Барқи тоҷик», аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ Маҳмудов О., сохтмони бинои истиқоматӣ бо назардошти майдончаи варзишии бачагона ва аз ҳисоби ҶДММ «Иморатсоз» дар назди бинои истиқоматӣ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Б.Гафуров ду адад майдончаи варзишӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҳисоби ҶДММ «Ғӯлакандозсохтмон» ва дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 бо қувваи худ ба маблағи 341181,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 120,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 359,0 ҳазор сомонӣ (0,1 фоиз), саҳомӣ 16775,2 ҳазор сомонӣ (4,9 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 304798,3 ҳазор сомонӣ (89,4 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 19248,9 ҳазор сомонӣ (5,6 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд. 

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 20,4 миллион  тонна  бор  кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 102,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилӣ шахсони воқеӣ, ки  бо бор кашонии тиҷоратӣ машғуланд 17,7  миллион  тонна (нисбат ба соли гузашта 2,6 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 2,7 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 0,8 фоиз кам) бор кашонида  шудааст.

Гардиши  бор бо ҳамаи намудҳои  нақлиёт дар ҳаҷми 2025,5 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 17,5 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 131,9 миллион  нафар  мусофир  кашонида  шудааст, ки  нисбат  ба соли 2017-ум 100,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 131,7 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 100,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 31,4 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 2,8 фоиз кам), бо нақлиёти ҳавоӣ 141,7 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 86,8 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт  2402,8 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 101,9 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба вилоят хизмат расонидаанд 2575,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2017-ум 2,1 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 1073,8 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 41,7 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 2,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2018 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ  ба  ҳисоби миёна  ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 979,8 сомонӣ  рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 гардиши  савдои чакана, яклухт, таъмири автомобилҳо дар вилоят  7762,0  миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2017 суръати афзоиши гардиши мол бо нархҳои муқоисавӣ 19,5 фоиз ё ба маблағи 2282,1 миллион сомонӣ зиёд шудааст.  Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 5891,9 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 2880,9 млн. сомонӣ ё 48,9 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 455,5 млн. сомонӣ чорвои зинда, 1191,7 млн. сомонӣ маҳсулотҳои нафтӣ, 125,0 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 1148,4 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба таъмири автомобилҳо 90,3  млн. сомониро ташкил додааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 67,0  фоиз ё 3887,1  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (18,5 фоиз), маснуоти қаннодӣ (7,6 фоиз), орд (5,5 фоиз), равғани растанӣ (4,4 фоиз), картошка (4,4 фоиз), қанду шакар (3,2 фоиз) ва меваҷот (2,6 фоиз).  Таносуби молҳои ғайриозуқа 33,0 фоиз ё 1914,5 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводҳои бинокорӣ (29,0 фоиз), либос (12,4 фоиз), пойафзол (9,0 фоиз), газворҳо (4,1 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (4,0 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,9 фоиз)-ро  харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 2207,0  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 290,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 фоиз зиёд  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  1495,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 1,4 фоиз ё 20,5 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда – 674,7 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 56 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 45 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,9 фоиз ё 1164,4  млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,1 фоиз ё 331,1 млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ – сентябри соли 2018 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 27,4 фоиз ва воридот бошад 72,6 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 516,0 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур –  158,7 млн. долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2017 бо мамлакатҳои ИДМ 2,5 фоиз ё 27,9 млн.доллар зиёд шуда бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 2,2 фоиз ё 7,3 млн.доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 содироти мол 410,4 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2017-ум 18,6 фоиз ё 64,4 млн. доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1085,1 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2017-ум 3,9 фоиз ё      43,9 млн. доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 13,5 фоиз ё 0,5 млн. доллар кам шудааст.

Айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2017 содироти нахи пахта 4,7 баробар ё 30,5 млн. доллар, семент 2,0 баробар ё 7,9 млн. доллар, содироти маҳсулоти маъданӣ 9,0 фоиз ё 24,6 млн. доллар  зиёд шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 49,1 фоиз ё 25,6 млн. доллар, қоғазу картон ва маҳсулот аз он 26,2 фоиз ё 3,5 млн. доллар зиёд шуда, воридоти гандум бошад 8,7 фоиз ё 11,5 млн. доллар ва орд 42,7 фоиз ё 4,8 млн. доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии содиротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 54,9 фоиз, Ӯзбекистон – 17,1 фоиз, Чин – 5,6 фоиз, Нидерланд – 5,2 фоиз, Руссия – 5,0 фоиз, Туркия – 3,7 фоиз, Италия – 2,9 фоиз, Киргизистон – 1,6 фоиз, Эрон –  1,5 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон – 35,4 фоиз, аз Руссия – 32,1 фоиз, Чин – 13,2 фоиз, Ӯзбекистон –  3,4 фоиз, Қирғизистон –  3,3 фоиз,  Литва – 3,0 фоиз, Туркия – 1,3 фоиз, Беларус – 1,1 фоиз.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи  2066,3 ҳазор доллар ё 2397,7 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1437,1  ҳазор доллар ё 2327,2 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2018-ум 405,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 257,3 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 148,2 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 сентябри соли 2018-ум 10,2 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,4 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – августи соли 2018-ум 1056,87 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 сентябри соли 2018-ум 14188,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2018-ум 1042,5  ҳазор сомонӣ ё 7,3 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 11474,9  ҳазор сомонӣ (80,9 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ – 2512,5 ҳазор сомонӣ (17,7 фоиз) ва дар саноати коркард – 95,4 ҳазор сомонӣ (0,7 фоиз)-ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,6 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 101,8 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105,3 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 105,0 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 индекси нархҳои истеъмолӣ 4,4 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз буд).

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум дар вилоят 4,4 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқаи мушоҳидашуда  бештар қимат шудааст: сабзӣ – 2,3 баробар, кабудӣ – 1,7 баробар, карам – 1,5 баробар, равғани маска – 44,0 фоиз, лаблабу – 40,2 фоиз, лимӯ – 25,5 фоиз, яхмос – 21,2 фоиз, равғани пахта – 16,3 фоиз, тарбуз – 13,6 фоиз, ҳасиби нимдудхӯрда – 10,7 фоиз ва оби маъдании газнок – 10,7 фоиз, тушбера – 10,5 фоиз, маргарин – 10,4 фоиз, харбуза – 10,3 фоиз, панири сахт – 10,1 фоиз, орд – 9,6 фоиз, ҳасибчаҳо – 8,5 фоиз, чормағз – 8,2 фоиз, чаккаи баркашидашаванда – 7,6 фоиз, ҷигари гов – 7,0 фоиз, мош – 6,6 фоиз, гӯшти гов – 5,5 фоиз ва гӯшти мурғ – 4,3 фоиз. Ҳамзамон дар ҳамин давра бодиринг – 1,7 баробар, картошка – 1,6 баробар, бехпиёз – 1,6 баробар, сирпиёз – 1,5 баробар, ангур – 39,2 фоиз, ярмаи марҷумак – 31,5 фоиз, қаламфури булғорӣ – 24,5 фоиз, боимҷон – 24,3 фоиз, нахӯд – 22,3 фоиз, банан – 21,6 фоиз, каду – 19,4 фоиз, помидор – 17,8 фоиз, мавиз – 13,2 фоиз, ярмаи ҷави луч – 9,6 фоиз, чойи кабуд – 8,7 фоиз, лӯбиё – 8,5 фоиз ва ярмаи дили гандум – 5,8 фоиз арзон шуд.

Аз аввали соли 2018 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои ғайриозуқа бешбар қимат шудаанд: газвор аз абрешими асл – 46,4 фоиз, матои тӯри пардаворӣ – 43,3 фоиз, газвори абрешимӣ ва синтетикии сунъӣ – 35,1 фоиз, босоноҷка барои писарбачагон – 32,3 фоиз, тағораи сирдор – 27,6 фоиз, майкаи мардона – 26,2 фоиз, футболкаи бачагона – 25,9 фоиз, крем барои дасту рӯй – 25,3 фоиз, гулҳои зинда – 25,2 фоиз, галстуки мардона – 23,9 фоиз, курсии нарм – 22,0 фоиз, пойафзоли  кроссовии мардона – 21,4 фоиз, босоноҷкаи духтарона – 21,0 фоиз, камзӯли мавсимӣ барои писарбачаҳо – 20,9 фоиз, матоҳои пахтагини либосворӣ – 20,3 фоиз, пойафзоли хонапӯши писарона – 19,6 фоиз, бензин АИ-92 – 19,2 фоиз, тахтаи кошии сафолин – 18,4 фоиз, юбкаи духтарона – 18,1 фоиз, рӯймолҳо – 16,7 фоиз, зардевори шусташаванда – 15,0 фоиз, гази моеъ – 12,7 фоиз ва сумкаи занона – 10,5 фоиз. Ҳамзамон дар ҳамин давра арзон шудаанд: ҷорӯби хонарӯбӣ – 19,6 фоиз, хокаи ҷомашӯӣ – 17,5 фоиз, шампун – 6,6 фоиз ва тахтаи асбестусементӣ – 5,4 фоиз.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 1,6 баробар, арзиши харҷи роҳ бо таксии хатту сайр дар дохили шаҳр – 30,0 фоиз, хизмати лабараторияҳои тиббӣ – 26,9 фоиз, дӯхти маснуоти дӯзандагӣ шахсӣ – 18,2 фоиз, хизмати беморхона – 17,5 фоиз, пардохти оби хунук ва канализатсия – 15,1 фоиз, пардохти пули партов – 10,6 фоиз, арзиши роҳхатҳо барои истироҳат – 10,3 фоиз ва хизмати техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти шахсӣ – 9,4 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 31,7 фоиз арзон шуд.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2018

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-августи соли 2018-ум 11054 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2017-ум 32,9 фоиз зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 12,9 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 23,7 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2018-ум 7425 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2017-ум 3,5 фоиз зиёд аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2018-ум 473,0 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,0 млн. сомонӣ) 469,3 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 01.10.2018-ум 218783 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: НАВИД Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2018