Cаразм — ёдгории аҳди қадим

( 0 Овоз )

Cаразм, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқиро доро мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси милливу ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад ва имрӯз Тоҷикистон барои ин санаи таърихӣ омодагӣ дида истодааст.

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 кашф гардида, он дар 15 километр ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 километр шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Қобили қайд аст, ки шаҳраки Саразм қадимтарин ва кӯҳантарин ёдгории мардуми Осиёи Марказӣ буда, дар бораи маданияти кишоварзию шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгонамон башорат медиҳад.

Дар ин ҷо бештар иморатҳои маъмурӣ, ки то 100 - 106 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намудаанд. Ин ҳамаро кӯчаву пасткӯчаҳои баъзан сангфарш ё регфарш аз ҳам ҷудо месозанд. Биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии Шаҳристон, дуконҳо ва устохонаҳои ҳунармандӣ бошанд, дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷой гирифтаанд.

Дар Саразм аломатҳои пайдоиши аввалин шаҳрҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумлаи биноҳои хушсохт, кӯчаҳои сангфарш, тақсимшавии ҷомеа ба табақаҳои иҷтимоӣ, ривоҷу равнақи босуръати тиҷорат, ба соҳаҳо ҷудошавии меҳнат, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва ғайраҳо, ки рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорию шаҳрсозии осиёӣ мебошанд, дида мешавад.

Аслан таърихи пайдоиши Саразм худ аҷиб аст ва аз ин таърих дар Осорхонаи кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент метавон маълумот пайдо намуд. Бино ба иттилои намояндаи осорхонаи мазкур аввалин бозёфт ин табари биринҷӣ мебошад, ки аз ҷониби Ашӯралӣ Тайлонов, як чӯпони зода ва истиқоматкунандаи Саразми бостон, дарёфт шудааст, ки он воқеан аҷиб буда, сайёҳони хориҷӣ бештар ба он таваҷҷуҳ менамоянд. Паи бозёфту гуфтугӯҳо ва омадан ба ин осорхона ҳамин чӯпон мегӯяд, ки ман ҳам як бозёфт дорам. Ин ҳарфҳои ӯро Абдуллоҷон Исҳоқов олими шинохта, нахустин муҳаққиқи ёдгории Саразм мешунавад ва аввалин кашфиёти худро оғоз мекунад.

Дар осорхона барои нигоҳ доштани ёдгориҳои Саразм толори алоҳида ҷудо шудааст, ки он ҳама ашёву бозёфтҳо таъриху маданияти ин шаҳри қадимаро инъикос менамоянд. Тибқи иттилои Н.Худоёрова - сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм, саразмиёни бостон дорои маданияти баланду руштёфтаи меъмории замони хеш будаанд. То имрӯз дар 14 мавзеи ёдгорӣ паҷӯҳиш гузаронида шуда, боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ ва растаҳои ҳунармандӣ аз зери хоктӯдаҳо пайдо гардиданд. Гумон меравад, ки пеш аз оғози биносозӣ гурӯҳи муайяни «меъморон» лоиҳаи сохтмонро пешакӣ таҳрезӣ намудаанд. Бештар биноҳои маъмуриву мазҳабӣ тарҳи росткунҷаро дошта, дару тирезаҳои онҳо ба самти шарқу ғарб, яъне самти тулӯи офтоб нигаронида шудааст. Ин зайл биноҳо аз якчанд ҳуҷра ва баъзан як ва ду толори васеъ ва барҳаво иборатанд.

Дар маркази толорҳо оташкадаҳои даврашакл ва чоркунҷа бо умқи марказии начандон калон мавҷуданд. Атрофи оташкадаҳо бо деворчаи начандон калонҳаҷм, ки ҳамагӣ аз 6 то 10 сантиметр баландӣ ва 6 - 10 сантиметр вусъатдошта иҳота гардидаанд. Ховаршиноси маъруфи Бритониё Мери Бойс, таърихи пайдоиши ҷашнгирии Наврӯзро то ба 6000 сол пиндошта, дар ақидаи он аст, ки маросими мазкур пеш аз ҳама аз ибодат ба «оташ» - чун муқаддасоти ҳаёти инсонӣ оғоз мегардидааст. Чунин зайл оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамдавру ҳамзамони саразмиёни бостон дар ёдгориҳои Мундиғоқи Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони ҷанубӣ ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо карда шудаанд.

Пас гумон меравад, ки ибодат ба «оташ» ҳамчун рамзи бузургдошти Хуршед ҳанӯз аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ маълум буда, садсолаҳои минбаъда аз насл ба наслҳо гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II-I-и қабл аз мелод) бо номи «ҷашни Наврӯз» пазируфта шудааст. Бино ба иттилои Н. Худоёрова дар самти ҳафриётҳои бостонӣ ҳафриётҳои бостоншиносӣ давоми соли 2019 бо назардошти таҷлили ҷашни Саразми бостонӣ аз моҳи март оғоз гардида, то моҳи октябри ҳамин сол идома ёфт.

Тибқи нақшаи мувофиқашуда бо Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон се гурӯҳи корӣ бо роҳбарии С.Бобомуллоев - доктори илмҳои таърих, директори осорхонаи бостоншиносӣ, бо ҳамроҳии А. Раззоқов ва Ш. Қурбонов ташкил ва гузаронида шуд. Ба ин гурӯҳҳо дигар мутахассисон Фарҳод Раззоқов, Б. Бобомуллоев, Одилҷон Отабоев ва дигарон низ ҷалб карда шуданд. Инчунин, давоми соли равон барои омӯзиши осори қадимаи шаҳраки Саразм олимону мутахассисони кишварҳои Франсия, Олмон, Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой тадқиқотҳо гузарониданд, ки дар натиҷаи он дарёчае, ки дар қадим шаҳраки Саразмро шодоб мекард, пайдо намуданд.

Ҳамчунин, ҳавзҳое, ки аз он саразмиён истифода мебурданд, муайян гардид. Дар давоми соли 2019 дар натиҷаи ҳамаи ҳафриётҳои гузаронидашуда 292 бозёфт ба қайд гирифта, дар китоби бақайдгирӣ ворид карда шуд. Аз ин шумора 81 нигора аз шаҳраки Саразми бостонӣ, 211 нигораи дигар аз Панҷакенти қадим ва Кӯктош бозёфт карда шудаанд. Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм дар масоҳати 47 гектар доман паҳн карда, аз ин 17 гектар масоҳати зериёдгорӣ ва боқимондаи он ҳудуди муҳофизатӣ мебошад. Атрофи он бо деворпанҷара иҳота шуда, бо маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамсарҳад мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардидааст.

Таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм дар соли 2020 ҷашни аҳли башар аст, зеро ёдгорӣ аз соли 2010 дар Феҳрасти ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд. Панҷакенти қадим ёдгории шоҳроҳи Абрешим буда, ёдгории эталонӣ ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ин ёдгориҳои сатҳи ҷаҳонӣ сол аз сол меафзояд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи бостоншиносони хориҷӣ аз давлатҳои Фаронса, Россия, Чин, Олмон, Амрико низ хеле зиёд аст. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 5500 - солагии Саразм корҳои ободониву созандагӣ дар ин минтақа хуб ба роҳ монда шудааст. Зимни сафари хизматӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намудем. Тавре аён гардид, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар бинои осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ ва меҳмонхона дар мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм бомаром ҷараён дошта, дар иншоот корҳои хиштчинии ошёнаи 2 - юм ба итмом расонида, бетонрезии ошёнаи дуюм босуръат идома дорад. Ҳамчунин, барои сохтмони дуконҳои ҳунармандӣ, ки барои фурӯши маҳсулоти хунармандон дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст, корҳои лоиҳакашӣ дар арафаи анҷом аст.

Сохтмони дарвозаи мамнуъгоҳи Саразм бошад, идома дошта, айни ҳол корҳои арматурбандӣ ва бетонрезии таҳкурсӣ ба итмом расида, хиштчинии деворҳо рафта истодааст. Инчунин, дар роҳи автомобилгарди мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм мумфаршкунии қабати якуми роҳ ба итмом расида, дар ду шафати роҳ барои шинонидани дарахтони ороишӣ корҳо ҷараён доранд.

Масъулини соҳа имрӯз баҳри хубу хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии Саразм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, корҳои сохтмониву ободониро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, азм доранд, ки қадима будани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

 

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд САРАЗМИ БОСТОНӢ Cаразм — ёдгории аҳди қадим